Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корти теннис дар маркази шаҳри Қурғонтеппа

05.07.2013 09:42, шаҳри Бохтар

Иншооти сеюме, ки дар шаҳри Қурғонтеппа бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт, майдони калон ва тенниси рӯйи миз буд. Чунонки аён гардид, майдони тенниси калон, ҳамчунин дорои 200 ҷойи нишаст буда, бо харҷи беш аз 150 ҳазор  онҳо сомонӣ омода гардидааст.

Дар ин майдон, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нусратулло Файзуллоев бунёд ёфтааст, 6 нафар бо кор таъмин мегарданд. Нусратулло Файзуллоев бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони боз корти дигари теннисро ба уҳда гирифта, изҳор дошт, ки то охири соли равонро онҳоро ба дӯстдорони ин навъи варзиш пешниҳод хоҳад кард.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар майдони теннис бо варзишгарони теннисбози шаҳри Қурғонтеппа чанд лаҳза бозӣ карда, дар тарғиби амалии варзиш ва тарзи ҳаёти солим саҳми бевосита гузошт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520