Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корхонаи Ресандаи шаҳри Қурғонтеппа дубора ба кор даромад

05.07.2013 11:55, шаҳри Бохтар

Дар ҶСК Ресандаи шаҳри Қурғонтеппа бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳҳои нави ресандагӣ, бофандагӣ, рангу бори ришта ва матоъ, дӯхти либос ва ҷӯроббофӣ ба кор дароварда шуд.

Тавре зикр гардид, ҶСК Ресанда аз соли 2007 ба ин сӯй бо сабаби кӯҳнаю фарсуда шудани техникаю таҷҳизот ва дар бозор рақобат карда натавонистан ҳамагӣ бо 15-20% иқтидораш фаъолият мекарду бас.

Аз ин сабаб имсол роҳбари корхона, соҳибкори маҳаллӣ Нусратулло Файзуллоев тасмим гирифт, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳбарӣ гирифта, бо ворид намудани техникаю таҷҳизоти нав ба ин муассисаи бузурги истеҳсолӣ умри дубора бахшад.

Тавре аён гардид, имрӯз эҳёи тадриҷии корхона ба назар мерасад. Бо харҷи 6,5 миллион доллари амрикоӣ ба корхона таҷҳизоти нави технологияи муштараки Чину Кореяи Ҷанубӣ ворид карда шуд. Ҳамин тариқ фаъолияти ресандагӣ, бофандагӣ, рангу бори ришта ва матоъ, дӯхти либосвории гуногун ва бофтани ҷӯроб ва дигар ашёи трикотажӣ, аз қабили ба истилоҳ футболка, таҳпӯшҳои мардонаю занона ва ғайра ба роҳ монда шуд. Бад ин тартиб дар ин корхона коркарди нахи пахта то маҳсулоти тайёри ниҳоӣ, ки аз ҷумлаи супоришҳои доимии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст, ба назар мерасад.

Корхона бо иқтидори кунунияш дар як шабонарӯз метавонад 5-6 тонна матоъ, 5 ҳазор ҷуфт ҷӯроб, 1000 дона футболка ва тибқи фармоиши мизоҷон миқдори зарурии либосворӣ истеҳсол намояд. Дар маҷмӯъ имрӯз дар як шабонарӯз то 10 тонна маҳсулоти тайёр истеҳсол карда мешавад. Дар як сол дар ин корхона аз 8,5 ҳазор тонна нахи пахта маҳсулоти тайёри ниҳоӣ тавлид мегардад.

Ҳоло дар ҳамаи коргоҳҳои корхона 650 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Танҳо дар коргоҳҳои дӯзандагӣ 315 мошини дӯхти либос васл гардидааст. Дар сурати дар ду баст ташкил намудани кор танҳо шумораи дӯзандаҳо ба 630 нафар хоҳад расид.

Тавре иттилоъ дода шуд, навсозии корхона, воридоти технологияи нав ва зиёд намудани ҷойҳои корӣ идома дорад. Дар марҳилаи дуюми навсозӣ, ки то тирамоҳи соли равон ба поён мерасад, шумораи коргарон ба 2,5 ҳазор нафар расонда хоҳад шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳибкори фаъол арзи сипос карда, фаъолияти ӯро намунаи ибрат номид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520