Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи маркази нави 220 киловолтаи тақсимоти барқ дар нерӯгоҳи Норак

13.08.2013 14:16, шаҳри Норак

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯгоҳи бузурги Норак ташриф оварда, бо корҳои навсозии он аз наздик шинос шуд.

Нахуст бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастгоҳи нави 220 киловолтаи тақсимоти барқ, ки бо навтарин технологияи аврупоӣ аз давлатҳои Италия, Фаронса, Олмон ва Швейтсария бунёд ёфтааст, ба кор дароварда шуд.

Тавре аён гардид, ин дастгоҳи пуриқтидор дар дохили як бинои масоҳаташ ҳамагӣ 4 садяк ҷойгир шудааст. Зеристгоҳи қаблии 220 киловолтаи нерӯгоҳи Норак, ки зиёда аз 40 сол боз хизмат мекард, дар майдони қариб 3 га ҷойгир буд.

Дар паҳлӯи ин маркази нави муосир бунёди боз як бино идома дорад, ки дар он дастгоҳи нави 500 киловолтаи тақсимоти барқи нерӯгоҳи Норак, ки низ аз ҷониби ширкатҳои бонуфузи аврупоӣ ба мисли ALSTON омода мегардад, ҷойгир хоҳад шуд. Дар натиҷа зеристгоҳи ҳозираи 500 киловолтаи нерӯгоҳи Норак, ки майдони қариб 5 гектарро ишғол намудааст, дар дохили як бинои хурд ҷойгир карда мешавад.

Мавриди зикри хос аст, ки ин дастгоҳҳои 220 ва 500 киловолтаи тақсимоти барқ аз технологияҳои навтарини ҷаҳонӣ буда, дар қаламрави пасошӯравӣ Тоҷикистон дуюмин кишвар аст, ки воридот ва истифодаи онро ба роҳ мондааст. Пеш аз Тоҷикистон танҳо Русия аз чунин технология баҳравар гардидааст.

Ин дастгоҳҳо афзалиятҳои хеле зиёд доранд. Истифодаи соддаю бехатар, дарозумрӣ ва каммасрафӣ аз афзалиятҳои асосии ин дастгоҳҳо аст. Тавре зикр гардид, ин дастгоҳҳо бе тармими куллӣ 30 сол хизмат хоҳанд кард ва харочоти тармиму навсозӣ ба маротиб кам мешавад.

Дастгоҳи 220 киловолтаи тақсимоти барқи нерӯгоҳи Норак бо харҷи 25 миллион евро, ки 7 миллионаш грант ва 18 миллионаш қарзи имтиёзноки дарозмуддати Олмон аст, бунёду омода гардид.

Дастгоҳи 500 киловолтаи тақсимоти барқи нерӯгоҳи Норак бошад бо харҷи 67 миллион доллари амрикоӣ, ки 55 миллионаш гранти Бонки осиёии рушд ва зиёда аз 12 миллионаш саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, омода мегардад.

Мутахассисони ҷавони муҳандисию техникии Тоҷикистон, ки ин ва дигар дастгоҳҳои муосири нерӯгоҳи Норакро идора мекунанд, дар кишварҳои Олмон, Фаронса, Италия ва Швейтсария таҳсили илм намуда, нозукиҳои ин касбу ҳунарро хуб аз худ кардаанд.

Зимни шиносоӣ бо кори толори идораи мутамаркази нерӯгоҳи Норак Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ибратбахши муҳандисзанони соҳиби тахассуси олӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Тавре зикр гардид, аз 20 нафар кормандони ин маркази идоравӣ 10 нафарашон занону духтарон мебошанд, ки ҳама соҳибтахассус мебошанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо рафти навсозии чархаҳои барқзои нерӯгоҳ аз наздик шинос шуд. Чунонки зикр гардид, то имрӯз чархҳои кории ду чархаи ин нерӯгоҳ иваз карда шуда, сеюмаш ба ин ҷо дастрас гардидааст ва баҳори соли оянда васл хоҳад шуд. Як дарбанд ва ё дарвозаи курашакли обӣ, ки дар тамоми ҷаҳон нодир аст, низ мавриди навсозӣ қарор дорад. Чунонки иттилоъ доданд, чунин дарвозаи обӣ танҳо дар Тоҷикистон ва аз ин хурдтараш дар Ҳиндустон мавҷуд аст.

Бо қаноатмандӣ иттилоъ дода шуд, ки бо навсозии куллии ҳамаи чархаҳои нерӯгоҳ иқтидори лоиҳавии он, ки бо мурури замон ва хӯрдашавии таҷҳизот аз 3000 то 2700 мегаватт коҳиш ёфтааст, натанҳо барқарор мегардад, балки 200 мегаватти дигар илова мешавад. Яъне пас аз чанд соли дигар иқтидори нерӯгоҳи Норак аз 2700 мегаватти ҳозира ба 3200 мегаватт расонда мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520