Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон

04.01.2010 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Маросими истиқболи расмии сарвари давлати ба мо дӯст ва ҳамзабону ҳамфарҳанги Эрон дар назди Қасри Миллат баргузор гардид.

Меҳмони олимақомро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ тибқи муқаррароти протоколи давлатӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштани сарони давлатҳо аз назди ҷузъу томҳои горди фахрӣ, арзи салом ба горди фахрӣ ва эҳтиром овардан ҷониби Парчами давлатии Тоҷикистон сурат гирифт.

Дар охири маросими истиқболи расмӣ Сарони давлатҳо - Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб шинос шуданд.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бо расми гузашти низомии ҷузъутомҳои горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат ба поён расид.

Масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Эрон нахуст дар мулоқоти хосса ва сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат баррасӣ гардид.

Мавзӯи асосии сӯҳбат тезондани татбиқи паймону созишномаҳои қаблии Тоҷикистону Эрон, ки дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт ва ғайра ба имзо расидаанд ва дарёфти роҳу василаҳои нав барои густариши минбаъдаи ҳамкории стратегии ду кишвар буд.

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ бо иштироки сарони ду давлат 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи густариши муносибатҳои дуҷониба;

- Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи экстрадитсия;

- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- Созишнома миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва маъданҳои Ҷумҳурии Исломиии Эрон дар бораи таъсис додани марказҳои миллии маълумотҳои илмҳои заминшиносӣ, геоматика ва технологияҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон;

- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси иҷрои амалиёти такмилии нақби Истиқлол;

- Тавофуқнома миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Ширкати «Фароб» ба намояндагӣ аз Вазорати нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси омӯзиши лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи барқии обии «Айнӣ».

Зимни нишасти матбуотӣ Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод бо ёдоварӣ аз муштаракоти фарҳангӣ, динӣ ва забонии Тоҷикистону Эрон дурнамои муносиботи ду кишварро умедбахш арзёбӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рӯзи аввали корӣ дар соли нави мелодӣ рост омадани сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро фоли нек аз нерӯи тоза пайдо кардани муносиботи гуногунҷанбаи стратегии ду кишвар маънидод кард.

Ёдовар бояд шуд, ки тибқи санадҳои нави имзошуда як зумра лоиҳаҳои нави иқтисодӣ татбиқ хоҳанд шуд.

Аз ҷумла ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон тасмим дорад, бо ҷудо намудани 6 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои иловагӣ бунёди нақби Истиқлолро бо сифати баланд ба поён расонад.

Омодасозии асоснокии техникию иқтисодӣ ва лоиҳаи нерӯгоҳи обии Айнӣ (бо иқтидори 170 мегават дар болои дарёи Зарафшон) ва ҳамчунин сохтмони он бояд бо сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Эрон анҷом ёбад.

Навбати аввали нерӯгоҳи Сангтӯда – 2 бояд то охири соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Сохторҳои дахлдори ду давлат тасмим гирифтанд, ки дар анҷом додани корҳои геологӣ – ҷустуҷӯӣ барои истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд.

Оид ба омўзиши лоиҳаи сохтмони нерўгоҳи обии 870 мегаватаи Шўроб дар болои дарёи Вахш ва як нерўгоҳи хурди 21 – мегавата дар болои Искандардарё низ тасмим гирифта шуд.

Ҳамчунин бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 150 ширкати эронӣ бо муваффақият фаъолият доранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520