Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози мулоқот бо Сарвазири Шоҳигарии Тайиланд Йинглак Шинаватра

19.08.2013 14:10, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Тайиланд хонум Йинглак Шинаватра, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ва ҳам барои иштирок дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ташриф овардааст, мулоқот намуд.

Ба ифтихори ташрифи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат маросими бошукӯҳи истиқбол сурат гирифт.

Сарвазири Шоҳигарии Тайиланд хонум Йинглак Шинаватраро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо саф оростани ҷузъҳои Горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ, гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ ба меҳмони олимақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди қатори афсарону сарбозон, арзи эҳтироми меҳмон ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва салом додани ӯ ба сарбозон ва ҳамчунин шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо расми гузашти тантанавии низомиён ба поён расид.

Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар дар мулоқоти хосаи сатҳи олӣ оғоз ёфт.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520