Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон

09.05.2007 21:00, Эрон

Бегоҳии рӯзи 7 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Давҳа ба Теҳрон омад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон аз аввалин давлатҳое аст, ки бо давлати навини Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монда, бад-ин васила кишвари бо мо ҳамзабону ҳамфарҳанг ва дорои муштаракоту арзишҳои зиёди таърихию адабӣ буданро дар амал собит намуда буд. Аз он вақт то имрӯз дар таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстонаи ҳамкорӣ байни ду кишвар дар сатҳу зинаҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ корҳои зиёди барои ҳарду ҷониб манфиатбахш анҷом ёфтанд.

Ба сафари навбатии расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар рушду нумӯи ҳамкориҳои судбахш таъсири ҷиддӣ хоҳад гузошт, ҳарду ҷониб омодагии хуб доштанд.

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии Меҳрободи шаҳри Теҳрон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Парвизи Фаттоҳ, аъзои гурӯҳи кории ҳайати Тоҷикистон, Сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Эрон Рамазон Мирзоев ва дигар шахсони расмӣ бо иштироки горди фахрӣ ва бо шиору навиштаҷоти дӯстона истиқбол гирифтанд.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи рӯзи 8 май бо шукӯҳу шаҳомати хоссаи сафарҳои расмӣ дар саҳни ҳавлии қасри Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гашт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод истиқбол гирифт.
Ба ифтихори ташрифи расмии Сарвари давлати Тоҷикистон дар назди қаср парчамҳои давлатии ҳарду кишвар афрохта шуда, горди фахрии Ҷумҳурии Исломии Эрон саф ороста буд.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.
Ба муносибати ташрифи расмии меҳмони олимақом сурудҳои миллии ҳарду давлат садо доданд ва фармондеҳи Горди фахрии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.

Баъди садо додани сурудҳои миллӣ ва гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод аз назди ҷузъҳои горди фахрӣ гузашт карданд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷониби парчами давлатии Ҷумҳурии Исломии Эрон эҳтиром ба ҷо овард.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бо аъзои ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб шинос шуданд.

Баъд аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ нахуст мулоқоти хоссаи як ба яки Сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод баргузор гашт, ки дар ҷараёни он маҷмӯи васеи масоили вобаста ба муносибатҳои Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд.

Муҳокимаи муфассали кулли масоили ҳамкориҳои мутақобилан судбахши ду кишвар дар мулоқоти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Эрон идома ёфт.

Ҷонибҳо аз пайвастагии муколамаи сиёсии сатҳи олӣ, равобити созандаи байнипарлумонӣ, байниидорӣ ва байни ниҳодҳои гуногун ва ҳамчунин аз ҷараёни ҳамкориҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид доштанд, ки имкону захираҳои истифода нашудаи ҳамгироии барои ҳарду ҷониб судбахш ҳанӯз зиёд аст.

Зимни сӯҳбати созанда ҷонибҳо оид ба як қатор масъалаҳои муҳим ба мувофиқа расиданд.

Тибқи мувофиқаҳои ба дастомада корҳои зерин бояд ба анҷом расанд:

То охири соли равон сохтмони нақби Чормағзак, ки дарозиаш 4200 м. аст, бо маблағгузории пурраи ҷониби Эрон оғоз ёфта, дар мӯҳлати 2,5 сол бояд ба истифода дода шавад;

Суръати сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2 тезонида мешавад, то ки он дар нимаи аввали соли 2009 ба истифода дода шавад;

Баъди анҷоми нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2 дар болои дарёи Вахш бунёди нерӯгоҳи нав бо иқтидори 1000 мегават оғоз мегардад;

Бунёди хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Эрону Покистон аз тариқи Афғонистон, роҳҳои мошингард ва оҳани байниминтақавии Колхозобод-Панҷи Поён-Қундуз-Мазори Шариф-Ҳирот-Машҳад тезонида мешавад;

Худи ҳамин сол дар Душанбе сохтмони як маркази бузурги тиҷоратии Тоҷикистону Эрон оғоз мегардад.

Пешниҳодҳои Эмомалӣ Раҳмон дар бораи доир намудани нахустин ҳамоиши иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвари дӯст дар Душанбе ва иштироки ҷониби Эрон дар ташкил намудани минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон хуш пазируфта шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина ҳамчунин зарурати таъсиси Созмони иқтисодии минтақавиро ба миён гузошт, ки мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи авзои кунунии Ироқ, қазияи Шарқи Наздик ва масоили дигари доғи минтақа табодули назар карда шуд. Ҷонибҳо пуштибонии худро аз барқарории низоми одилона ва босуботи ҷаҳонӣ таъкид намуданд.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятулло Алии Хоманеӣ мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ атрофи имконоти васеи таҳким ва густариши ҳамкориҳои бунёдии иқтисодӣ ва боло бурдани нақши минтақавии ду қишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг табодули назар карда шуд.

Пешниҳодоти мушаххасу муфиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди татбиқи барномаҳои стратегии иҷтимоию иқтисодии минтақавӣ, ки аз ҷониби Тоҷикистон тарҳрезӣ шудаанд, мавриди таваҷҷӯҳи хос қарор гирифтанд.

Мусоҳибон ҷонибдории худро аз ҳалли одилона ва сиёсии қазияҳои Ироқу Фаластин ва дигар масоили ҳассос таъкид намуданд.

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил мулоқот намуд.

Ҷонибҳо оид ба таҳким ва густариши минбаъдаи равобити байнипарлумонии ду кишвар табодули назар карда, нақши чунин ҳамкориро дар муҳайё намудани заминаи мусоиди сиёсию ҳуқуқии муносибатҳои ҳасана муҳим арзёбӣ намуданд.

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмонро дар таҳкими пояҳои давлатдории тоҷикон ва нигаҳдории суботу эътидоли минтақавӣ баланд арзёбӣ кард.

Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво мусоҳибон омодагии худро баҳри инкишофи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои минтақавию байналмиллӣ таъкид намуданд.

Худи ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом Ҳошимии Рафсанҷонӣ, вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Парвизи Фаттоҳ ва Вазири роҳу таробарӣ Муҳаммади Раҳматӣ мулоқотҳои судманд анҷом дод.

Субҳи рӯзи 9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи пешвои Инқилоби исломӣ Имом -Хумайниро зиёрат намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо риояи муқарророти арҷгузорӣ дар назди марқади шодравон Имом-Хумайнӣ гулчанбар гузошта, ба давлати ҳамзабону ҳамфарҳанг ва мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон арзи эҳтирому самимият намуд.

Сипас бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Утоқи бозаргонӣ, саноат ва маъодини Ҷумҳурии Исломии Эрон Форуми соҳибкорони ду кишвар баргузор гашт.

Эмомалӣ Раҳмон аз тавсиа ёфтани заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқии равобити ду кишвар, ки тайи сафари расмии навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба даст омад, изҳори қаноатмандӣ карда, соҳибкорону тоҷирони кишвари дӯсту ҳамзабони моро ба ҳамкории бештару манфиатбахш даъват намуд.

Аз боби суботи сиёсӣ, пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва муҳайё гаштани фазои созгори сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуда, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла изҳор дошт: "бо вуҷуди мушкилоти зиёд мо дар шаш соли охир рушди солонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ба ҳудуди 9 дар сад ва маҷмӯан ба беш аз 80 дар сад расондем, тиҷорати хориҷӣ бошад, дар солҳои 2001-2006 дуюним маротиба афзоиш ёфт".

Зимни форуми мазкур лоиҳаҳои гидоэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯгоҳҳои Роғун, Шӯроб ва Даштиҷум, барномаҳои инфрасохторӣ ва зербиноию иртиботӣ, қабл аз ҳама, роҳҳо, пулҳо, шабакаҳои об, нафт, газ, хаттҳои интиқоли барқ, васоили иттилоотӣ, ки дорои манфиати зиёди минтақавианд, мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтанд.

Лоиҳаҳои бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Эрон, хатти интиқоли барқи Роғун - Мазори Шариф - Ҳирот - Машҳад, ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Шӯрои Иқтисодии Тоҷикистону Эрон, ки иштироки Афғонистонро низ дар назар дорад, аз ҷумлаи тасмимоти стратегӣ ва пурманфиати кишвари мо арзёбӣ гардиданд.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон "мо бояд кохи бузурги ҳамкориро тавре таҳким бахшем, ки ба қавли ҳакими бузургамон Абулқосими Фирдавсӣ аз "боду борон" ва ҳаводиси рӯзгор газанд наёбад".

Баъди анҷоми суханронӣ байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкорони Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки бо кишвари мо ҳамкорӣ доранд ё тасмими оғози кор гирифтаанд, маҳфили озоду ошкоро ва бисёр самимии саволу ҷавоб баргузор гашт.

Сухангӯию ҳозирҷавобии Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ибораи бародарони эронӣ бо лафзи асалбори тоҷикӣ сурат мегирифт, ба онҳо хеле писанд омад. Ҳатто баъди анҷоми вақти муайянкардаи протоколи давлатӣ ҳам суолу ҷавобҳо ба поён намерасид.

Дар натиҷа баҳри таҳкиму тавсиаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои коркарди нахи пахта, қолинбофию заргарӣ, моҳипарварию паррандапарварӣ, истеҳсоли обҳои маъданӣ ва ғайра мувофиқаҳои муҳим ба даст омаданд.

Баъди анҷоми Форуми соҳибкорон дар қасри Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иштирок ва дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод 6 санади муҳимми ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.

Ба Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба Сарварони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод имзо гузоштанд.

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷониби Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Гулов ва Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Парвизи Фаттоҳ ба имзо расид.

Ёддошти тафоҳум оид ба лоиҳакашӣ ва сохтмони нақби "Чормағзак" байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои ҳамлу нақл байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Ашӯров ва Вазири роҳ ва таробарии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммади Раҳматӣ имзо намуданд.

Ба Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов ва Муовини аввали раиси Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммади Ҳунардӯст имзо гузоштанд.

Ёддошти тафоҳуми ҳамкории дуҷониба байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Утоқи бозаргонӣ, саноат ва маъодини Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷониби Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саидов ва Раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат ва маъодини Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алинақӣ Хомушӣ ба имзо расид.

Мувофиқаи муҳимми дигар байни ширкати "Сомон-Эйр"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати "Маҳан-Эйр"-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи таъсиси ширкати муштараки ҳавопаймоӣ ба даст омад, ки ба болоравии сифати хизматрасонии ҳавопаймоии кишвари мо мусоидат хоҳад кард.

Байни Корхонаи воҳидии давлатии Ширкати алюминийи Тоҷикистон "Талко" бо ширкати алюминии Ҷумҳурии Исломии Эрон "ал-Маҳдӣ" қарордод ба имзо расид, ки тибқи он "Талко" метавонад аз ин кишвар гилхок, кокс ва пек бигираду ширкати алюминии Ҷумҳурии Исломии Эрон "Иралко" ва ҳамчунин "Дубал"-и Амороти Муттаҳидаи Арабро бо блокҳои анодӣ таъмин намояд. Қобили таъкид аст, ки имрӯз "Талко" бо таҷҳизоту технологияи аз "Иралко"-ю "ал-Маҳдӣ" беҳтар муҷаҳҳаз буда, аз ҳардуи онҳо бештар алюминий истеҳсол мекунад. "Талко"имрӯз ҳамчунин омода аст, ки дар сармоягузорӣ ва сохтмони корхонаи нави истеҳсоли кокс дар Эрон ва дар кори ба боркашонии соҳаи алюминий мувофиқ намудани Бандари Аббос ширкат намояд.
Бо ташкили чунин ҳамкорӣ "Талко" метавонад роҳи алтернативии транзити бору маҳсулоти худро таъмин намояд.

Санадҳои ба имзорасида имкон фароҳам меоранд, ки ҳамкориҳои судбахши ду кишвар дар соҳаҳои энергетикаи обӣ, нақлиёту роҳсозӣ, нақбканӣ, тиҷорат, телевизион ва радио, хизматрасонии ҳавопаймоӣ ва истеҳсолу интиқоли алюминий таҳкиму тавсиаи бештар пайдо кунанд.

Зимни нишасти матбуотӣ, ки баъди маросими имзои санадҳо баргузор гашт, сарварони ду давлат натиҷаҳои мулоқоту музокироти дуҷониба ва умуман дастовардҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон пурсамар ва умедбахш арзёбӣ карданд.

Сарони ду кишвар ҷонибдорӣ ва пайгирии устувори худро аз таҳкиму тавсиаи самтҳо ва мӯҳтавои ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвар таъкид намуданд.

Дар мавриди масоили муҳимми ҷаҳонӣ ҳарду ҷониб пайгирӣ аз муколама ва музокироти сиёсиро амри зарурӣ шумурданд. Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон танҳо ҳамин роҳ "калиди ҳалли қазияҳои мавҷуда хоҳад буд".

Роҳбарони ду давлат тақвият ва таҳкими низоми ҷаҳониро бар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва нақши марказии Созмони Милали Муттаҳид ниёзи аслии башарият маънидод карданд.

Баъди анҷоми нишасти матбуотӣ дар назди қасри Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон маросими расмии гусели меҳмони олимақом-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.

Қобили таъкид аст, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди таваҷҷӯҳи хосси воситаҳои ахбори умумии дохилӣ ва хориҷии ин кишвар қарор гирифта, хеле васеъ инъикос гардид.

Қабл аз анҷоми сафари расмӣ ва бозгашт ба Ватан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба намоишгоҳи умумидавлатии китоб, ки аз чорабиниҳои муҳимми илмию фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин рӯзҳо аст, ташриф оварда, бо таваҷҷӯҳу мароқи хосса аз ин маърази бузурги олами маъонӣ ва ҳамоиши анбӯҳи беканори дӯстдорони китоб дидан кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи ҷилдҳои Шоҳномаи Фирдавсӣ, Донишнома (Энсиклопедия)-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ва чандин китобҳои нодиру арзишманди дигарро аз ин намоишгоҳ барои худ харидорӣ намуд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳар рӯз аз ин намоишгоҳи бузург ҳазорон нафар дӯстдорони китоб, ба хусус писарону духтарони ҷавон дидан намуда, аз он баҳрабардорӣ мекунанд. Анбӯҳи зиёди одамон аз майлу рағбати бепоёни мардуми ин кишвар ба китоб ва олами илму маърифат шаҳодат медиҳад.

Дар роҳи ҳаракат ба сӯи фурӯдгоҳи Меҳрободи Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз корхонаи автомобилсозии Эрон-Худрави Ҷумҳурии Исломии Эрон дидан кард.

Зимни боздид Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иқтидорҳои истеҳсолии ин корхонаи азими саноатӣ, ки масоҳаташ хеле васеъ аст, аз наздик шинос шуда, бо роҳбарият ва кормандону мутахассисони он сӯҳбатҳои муфид анҷом дод.

Зикр гардид, ки ин корхона тақрибан 45 ҳазор коргар дорад ва дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои азими мошинсозии Фаронса, Олмон, Чин ва чанд кишвари дигари хориҷӣ намудҳои зиёди мошинҳои сабукрав, боркаш ва автобусҳои хурду бузург истеҳсол мекунад. Дар соли 2006 ин корхона 2 миллион мошинҳои гуногун истеҳсол намуда, ба бозори дохилии Эрон ва ба зиёда аз 20 кишвари хориҷӣ ба фурӯш баровардааст. Ширкати Эрон-Худрав дар ҷаҳон нахустин корхонае аст, ки истеҳсоли мошинҳои газиро ба роҳ мондааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба автобусҳои мусофирбари дохилишаҳрӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ба масъулини кишвари мо дастур дод, ки ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли муштараки онҳо дар Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд.

Бо ҳамин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба поён расид.

Бегоҳии рӯзи 9 май Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми бобарори сафари расмӣ аз Теҳрон ба Душанбе омад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520