Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи се бинои боҳашамати иловагӣ дар назди ду мактаби мавҷудаи шаҳри Душанбе

27.08.2013 15:01, шаҳри Душанбе

Худи ҳамин рӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин се бинои боҳашамати иловагӣ дар назди ду мактаби мавҷудаи таҳсилоти ҳамагонӣ ифтитоҳ ёфт, ки ҳарсе бо тарҳу намои замонавӣ бунёд гардида, дорои шароити муосир мебошанд.

Ду бинои аввал, ки яке бинои зебою муҷаҳҳази таълимӣ ва дувумӣ маҷмааи сеошёнаи варзишӣ мебошад, дар назди мактаби рақами 56 дар кӯчаи Ҷомии ноҳияи Сино бо тарҳи хеле зебо бунёд ёфтаанд. Бинои нави таълимии ин мактаб барои 1280 хонанда дар 2 баст пешбинӣ шуда, дорои 36 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ барои дарсҳои компютерӣ, физика, кимиё, биология, забонҳои хориҷӣ ва ғайра мебошад.

Бунёд ёфтани бинои нави мактаби 56 боиси шодию нишоти зиёди омӯзгорон, хонандагон ва сокинони атрофи он гардид, зеро то ин вақт аз нарасидани синфҳо таълим дар ин мактаб дар се баст ба роҳ монда мешуд.

Толори бузурге, ки дар ошёнаи якуми маҷмааи нави варзишии мактаб қарор дорад, дорои 420 ҷойи нишаст ва шароити хуб барои намудҳои гуногуни варзиш мебошад.

Бинои иловагии дигари таълимӣ дар назди мактаби рақами 97, ки дар маҳаллаи Авул 2-и ноҳияи Синои пойтахт қарор дорад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ин бинои сеошёна аз 16 синфхонаи зебою муҷаҳҳаз иборат буда, барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Сокинони маҳаллаи Авул 2 аз ифтитоҳи ин бино басо шоду масрур гардиданд, чунки биноҳои қаблии мактаб хеле кӯҳнаю фарсуда ва осебпазир шуда буданд ва шароити таълимӣ низ дар онҳо ба талаботи замон ҷавобгӯй набуд.

Ин бинои зебо, ҳамчунин дорои толорҳои замонавии маҷлисӣ бо 220 ҷойи нишаст, варзишӣ бо 130 ҷойи нишаст барои тамошобинон ва ошхонаи муҷаҳҳаз мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520