Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар тантанаҳои Рӯзи дониш

01.09.2013 09:09, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ҳаёти нави пойтахт бинои нави факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимиро ифтитоҳ намуда, дар тантанаҳои оғози соли нави хониш дар ҷумҳурӣ иштирок намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ин бинои хеле зебо ва ба талаботи замон ҷавобгӯйро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Зимни шиносоӣ бо шароити моддию техникии муҳайёшуда, аз ҷумла зикр гардид, ки ин бинои боҳашамат бо харҷи беш аз 38 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дорои 70 синфхона, аз ҷумла 22 синфхонаи озмоишӣ ва 2 устохонаи бузург мебошад ва барои 4 ҳазор донишҷӯй дар якуним баст пешбинӣ шудааст. Бино, ҳамчунин дорои китобхонаи барҳавои электронӣ мебошад, ки дар он беш аз 70 компютер бо шабакаи ҷаҳонии интернет ва китобхонаҳои зиёди электронӣ дар дохил ва хориҷи кишвар пайваст мебошад.

Ошхонаи бино бо шароити хуби замонавӣ хеле зебою барҳаво буда, дорои 150 ҷойи нишаст мебошад.

Толори бузурги варзишии бино бо паҳноию дарозии 24 ба 37 метр барои намудҳои гуногуни варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ пешбинӣ шудааст.

Синфхонаҳои озмоишии факулта, ки дар таҳхонаи бино ҷойгиранд, бо дастгоҳу таҷҳизоти гуногун барои санҷиши ашёи хом ва масолеҳу конструксияҳои тайёри сохтмонӣ, шабакаҳои гармдиҳӣ, сардсозӣ, ҳаводиҳию ҳавокашӣ, барқтаъминкунӣ ва ғайра таъмин мебошанд.

Тавре зикр гардид, ин факулта дар таърихи худ бори шашум аст, ки ҷойи худро иваз мекунад. Ба гуфти омӯзгорони соҳибтаҷрибаи факулта фарқ миёни бинои нав ва биноҳои пешина замину осмон аст, зеро он аз ҷиҳати масоҳат аз бинои пешина 4 баробар васеъ буда, шароити дар он муҳайёгардида барои дар сатҳи ҷаҳонӣ омода намудани бинокорону меъморон замина мегузорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муосири бино бевосита шинос шуда, барои боз ҳам беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ ва сифати таълиму тарбияи бинокорону меъморони ояндаи ҷумҳурӣ супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки барои харидории таҷҳизоти навтарин, аз ҷумла гаронарзиш ҳам бояд маблағҳои зарурӣ пайдо карда шавад.

Тавре иттилоъ доданд, дар маҳаллаи Ҳаёти нави пойтахт барои пурра ба ҳамин ҷо кӯчондани Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ 30 га замин ҷудо карда шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар ҳудуди барои ин мақсад пешбинишуда сохтмони тамоми биною иншооти дигар, хусусан хонаҳои истиқоматӣ манъ дошта шавад ва барои лоиҳасозӣ ва сохтмони биноҳои дигари донишгоҳ чораҳо андешида шаванд. Тавре таъкид гардид, ин мавзеъ бояд ба як шаҳраки замонавии донишҷӯён табдил ёбад.

Дар толори бузурги факултаи сохтмон ва меъморӣ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури қариб 2 ҳазор нафар устодону донишҷӯён аз муассисаҳои гуногуни таҳсилоти олӣ ва ҳам масъулини ҷумҳуриявии дахлдор ба муносибати Рӯзи дониш суханронӣ намуд. Рафти суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва тантанаҳои Рӯзи донишро тавассути телемост ва пахши мустақими шабакаҳои телевизионӣ, ҳамчунин дар аксарияти муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дастаҷамъона тамошо намуданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои сершуморе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба талаби замон мутобиқ намудани шароити таълимӣ дар муассисаҳои соҳаи маорифи кишвар ёдовар шуда, насли навраси кишварро ба омӯзиши амиқи илму техникаи муосир, аз худ намудани касбу ҳунар ва ба ободонии бесобиқаи Ватани азизи худ ҳидоят кард.

Дар охир миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аҳли толор ва устодону донишҷӯёни дигар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Хоруғ ва Рашт маҳфили озоду ошкорои пурсишу посух сурат гирифт, ки зимни он барои иҷрои талабу дархостҳои баёнгардида, дастуру ҳидоятҳои мушаххас дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520