Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

12.09.2013 17:35, Қирғизистон

Дар шаҳри Бишкек Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқоти судманди дуҷониба анҷом дод.

Дар мулоқот паҳлӯҳои гуногуни муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар баррасӣ шуд.

Бо ёдоварӣ аз натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки моҳи майи соли равон ҷараён гирифта буд, аз баромадани муносиботи ду кишвар ба сатҳи ҳамшарикии стратегӣ изҳори қаноат карда шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин доир ба кашидани лӯлаи гази Туркманистон-Чин аз тариқи қаламрави Тоҷикистон изҳори қаноат кард.

Ҷоннок намудани корҳо барои таҳия ва пешниҳоди барномаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар барои солҳои наздик зарур шумурда шуд.

Густариши робитаҳо дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай аз самтҳои афзали муносиботи Тоҷикистону Чин номида шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷониба барои мусоидат ба эҳёи иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва мубориза бо падидаҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зоҳир гардид. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: “яке аз беҳтарин роҳҳои эҳёи амну субот дар Афғонистон афзун намудани ҳамкории иқтисодӣ бо ин кишвар ва ҷалби ҳарчи бештари он ба лоиҳаҳои минтақавӣ мебошад”. Ӯ ҳамчунин таъкид дош, ки “мардуми Афғонистон бояд дар симои мо дӯстони самимӣ ва шарикони боэътимодро бубинанд”.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон аз Си Ҷинпин даъват намуд, ки барои таъмини густариши бештари робитаҳои ду кишвар ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъват бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.

Пас аз анҷоми мулоқот дар ҳузури сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин як созишномаи байниҳукуматӣ доир ба кашидани лӯлаи интиқоли гази табиӣ аз Туркманистон ба Чин аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ба имзо расид.

Тавре иттилоъ доданд, масофаи ин лӯла дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 400 километрро ташкил дода, то охири соли 2016 бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Бо он ҳар сол 25-30 миллиард метри мукааб гази табиӣ аз Туркманистон ба Чин интиқол дода хоҳад шуд.

Татбиқи ин лоиҳа боиси ҷалби беш аз 3 миллиард доллари амрикоӣ сармояи мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон хоҳад шуд. Ғайр аз ин, барои кашидани ин лӯлаи газ ва хизматрасонии ояндаи он корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин таъсис дода мешавад, ки дар он садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520