Дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин варзишгоҳи бошукӯҳи дорои 7 ҳазор ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тавре зикр гардид, сохтмони ин варзишгоҳи бошукӯҳ соли 2011 оғоз ёфта, дар майдони 6 га соли 2011 бо харҷи беш аз 8 миллион сомонӣ дар давоми 2 сол барои баҳрабардорӣ омода гардид.
Корти тенниси варзишгоҳ мувофиқ ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ бунёд ёфта, метавонад боиси рушди ин намуди варзиш дар деҳоти ин ҷамоат гардад.
Варзишгоҳ, ҳамчунин дорои ҳавзи болопӯшидаи шиноварии стандартӣ ва майдонча барои волейбол, баскетбол, гимнастикӣ ва дигар бозиҳо мебошад.