Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

23.09.2013 17:45, Русия

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид.

Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои аъзои ин созмон – Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон Қирғизистон ва Сарвазири Қазоқистон ҷамъ омаданд.

Тавре аён гардид, яке аз масъалаҳои асосии ҷаласа кумаки давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон буд. Ин масъала дар бастагӣ ба бароварда шудани нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон дар соли 2014 пешниҳод шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба натиҷаҳои кори гурӯҳи коршиносони СААД, ки муддате дар сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон ниёзмандиҳои Қӯшунҳои марзии кишвари моро мавриди омӯзиш қарор дода буданд, баҳои баланд дод. Изҳори боварӣ карда шуд, ки “кунун мо ба марҳилаи расондани кумаки амалии ҳарбию техникӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон ворид мешавем”.

Сарони дигар давлатҳои аъзои созмон низ зарурати қабули қарори дахлдорро дар ин бора тасдиқ намуданд.

Ҳамин тариқ дар охири ҷаласа як қатор қарорҳои муҳим аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки яке аз онҳо қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар бораи кумаки ҳарбию техникӣ ба Қӯшунҳои марзии Тоҷикистон мебошад.

Зимни изҳороти матбуотӣ Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бори дигар ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид дошт, ки давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва хусусан Русия ба Тоҷикистон кумаки амалию воқеиӣ мерасонанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520