Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кушодашавии бинои Раёсат оид ба гуруҳи ноҳияҳои Рашти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ

25.09.2013 14:42, ноҳияи Рашт

Дар маркази ноҳияи Рашт бинои сеошёнаи Раёсат оид ба гуруҳи ноҳияҳои Рашти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шароити мавҷудаи ин бинои маъмурӣ шинос гардида, ба сифати корҳои сохтмони баҳои баланд дод. Бинои мазкур аз 28 утоқи кори иборат буда, ҳамчунин дорои ошхона, маҷлисгоҳ барои 60 ҷойи нишаст ва толори хурди варзишӣ мебошад. Сарвари давлат ба масъулин супориш дод, ки ҷойҳои нишастро дар толори маҷлисгоҳ зиёдтар намуда, ба 120 расонанд. Дар ошёнаи сеюми бинои мазкур барои кормандони мақомоти амният 12 хонаи истиқоматии дуҳуҷрагию якҳуҷрагӣ сохта шудааст.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520