Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз Ҷамоати деҳоти Ҳоити ноҳияи Рашт

25.09.2013 18:09, ноҳияи Рашт

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи хушманзараи Ҳоит ташриф овард.

Пиру барно, сокинони деҳа ташрифи Сарвари давлатро бесаброна интизорӣ мекашиданд.

Баъди вохӯрӣ бо сокинону меҳмонон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Ҳоитро расман мавриди истифода қарор дод.

Зимни боздид аз иншооти мазкур Президенти мамлакат иброз намуд, ки тайи солҳои охир 121 иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла мактабу беморхонаҳо, нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ, роҳу купрукҳо ва дигар иншооти гуногун сохта ба истифода дода шудаанд, ки сокинони ин минтақаи куҳистон аз он истифода бурда истодаанд.

Сохтмони бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Ҳоит соли гузашта оғоз гардида буд. Бо мақсади пешбурди корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонидани бинои мазкур 1 миллиону 970 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо шуда, бинокорон давоми як сол корҳои сохтмону васлгариро бо сифати баланд ба анҷом расониданд.

Бояд зикр намуд, ки деҳаи Ҳоит бар арсаи заминларзаи соли 1949 пурра хароб гардида бештари аҳолии ин минтақаи куҳистон ба водии Вахш муҳоҷир шудаанд. Танҳо бо шарофати соҳибистиқлолии кишвари азизамон ва дастгириҳои Президенти мамлакат ин гӯшаи куҳистон аз нав эҳё гардида, баробари сохтмони муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, соҳаи кишоварзӣ низ рӯ ба пешравӣ дорад.

Ҳамчунин дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳоит кони ангишти Назарайлоқ фаъолият дорад, ки он метавонад дар пешрафти иқтисодиёт саҳми босазо гузорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати худ бо сокинону меҳмонони Ҷамоати деҳоти Ҳоит таъкид намуд, ки ноҳияи Рашт махсусан ин деҳаи зебоманзар дар саргаҳи об қарор дорад, аз ин неъмати табиат бояд самаранок истифода бурда, кишти зироатҳои кишоварзиро бештару беҳтар намоянд. Ҳамчунин иброз намуд, ки имсол ноҳияи Рашт аз ҳар як гектар 61 тонна картошка истеҳсол намуданд, ки ин нишондод назаррас буда, соҳаи кишоварзӣ рӯз то рӯз ба пешравиҳои азим ноил гашта истодааст.

Ҳамчунин худи ҳамин рӯз бинои зершӯъбаи милисаи ноҳияи Рашт дар Ҷамоати деҳаи Ҳоит бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки бинои мазкур дар як ҷойи хушбоду ҳаво ҷойгир буда, ба кормандони соҳа таъкид намуданд, ки гирду атрофи биноро бо гулу гулбутаҳо ва ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда оро дода, дар таъмини амнияти мардум хизмати шоиста кунанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520