Дар фурудгоҳи ноҳияи Ҷиргатол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва аҳли ҷамоатчии ноҳия бо самимияти беандоза пешвоз гирифтанд.
Аз ҷониби кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Ҷиргатол намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.
Хоҷагиҳои инфиродии ноҳия дар намоишгоҳ маҳсулоти ширӣ, қаннодӣ, ғалладонагиҳо, намудҳои гуногуни сабзавот аз ҷумла картошка ва гиёҳҳои шифобахшро ба маъраз гузоштанд. Тавре маълум гардид кишоварзони ноҳияи Ҷиргатол бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла картошкаро сол то сол васеъ намуда, аз ин ҳисоб даромади зиёд ба даст меоранд. Ҳосилнокии майдони картошказор дар ноҳияи Ҷиргатол зиёда аз 300 сентнерро ташкил дода, деҳқонон аз кишти ғалладона дар заминҳои обӣ 50 сентнер ва лалмӣ 30 сентнер ҳосил рӯёниданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кишоварзонро ҳидоят намуд, ки барои гирифтани ҳосили барзиёд ба интихоби тухмӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд ва бо ин восита метавонанд аз кишти зироатҳои кишоварзӣ аз ин ҳам бештар ҳосил гиранд.
Шароит ва иқлими ноҳияи Ҷиргатол барои парвариши картошка ва боғпарварию чорводорӣ мувофиқ мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони ноҳия нақша доранд дар соли 2013-ум истеҳсоли картошкаро ба 100 ҳазор тонна расонанд.
Дар намоишгоҳ намунаи олии маҳсули меҳнати кишоварзони ноҳияи Ҷиргатол, аз ҷумла навъҳои беҳтарини картошка, пиёз, полезиҳо, пешкаш гардида буд, ки ду дона картошка беш аз 1 килограм вазн дошт.
Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ маҳсули меҳнати занбури асалпарварон, чорводорон ва хоҷагии ҷангали ноҳияи Ҷиргатол назаррас буд.