Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон табобатгоҳи замонавӣ дар маркази ноҳияи Ҷиргатол ба истифода дода шуд.
Табобатгоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Неъмон Абдусаломов бо харҷи 180 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст.
Оби шифобахши табобатгоҳ аз дараи Тандиқул, ки дар масофаи 26 километр дур аз ноҳия ҷойгир аст оварда шуда, барои муолиҷаи бемориҳои фишорбаландӣ, бемориҳои пуст, системаи асаб, бемориҳои ишемиявии дил ва ғайра мусоидат мекунад.
Cарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити табобатгоҳ шинос шуда, зикр намуд, ки хизматрасониро ба сокинон дар сатҳи баланд ба роҳ монанд, то аз минтақаҳои гуногуни мамлакат беморону эҳтиёҷмандон тавонанд муолиҷа гиранд ва саломатии худро барқарор намоянд.
Дар табобатгоҳ барои беморон тамоми шароитҳо муҳайё карда шуда, меҳмонхона бо 25 ҷойи хоб низ омода гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти маркази варзишию фароғатӣ, ки дар шафати табобатгоҳ ҷойгир аст, оғози расмӣ бахшид.
Дар баробари ба истифода додани маркази варзишию фароғатӣ зиёда аз 10 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.
Маркази варзишию фароғатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Музафар Мирзошарифов дар муддати 1 сол бунёд гардида, дар як вақт то 25 нафар метавонанд ба машқу тамрин машғул шаванд.
Ба Президенти мамлакат маълумот дода шуд, ки дар назди маркази варзишию фароғатӣ ҳамчунин ҳавзи шиноварӣ сохта мешавад ва маркази мазкур метавонад дар оянда ба як маҷмаъаи калони варзишӣ табдил ёфта, ҷавонону наврасонро ба машқу тамрини баданд фаро гирад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳибкорон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар вусъати корҳои ободонӣ ва ташкили нави ҷойҳои корӣ изҳори сипосу минатдорӣ кард.