Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо ҷараёни таълим дар муассисаи таълимии давлатии литсейи ноҳияи Ҷиргатол

26.09.2013 15:10, ноҳияи Лахш

Дар маркази ноҳияи Ҷиргатол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти муассисаи таълимии давлатии литсейи хонандагони болаёқат шинос шуд.

Литсейи мазкур дорои шароити мусоиди таълимӣ буда, дар он хонандагон аз рӯйи фанҳои физика, химия, забонҳои русӣ, англисӣ ва техникаи компютерӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дар литсей 175 нафар хонанда таҳсил намуда, дар он имкониятҳои донишомӯзӣ сол то сол васеъ мегардад.

Президенти мамлакат дар синфхонаи омӯзиши забони русӣ бо хонандагон мулоқот намуда, онҳоро барои омӯзиши ҳар чи бештари донишҳои замонавӣ ҳидоят намуд. Тавре маълум гардид, сатҳи дониши хонандагони ин муассисаи таълимӣ хеле баланд буда, ба онҳо мутахассисони соҳибтаҷриба таълим медиҳанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки барои таъмини озмоишгоҳи муассисаи таълимии давлатии литсейи хонандагони болаёқати ноҳияи Ҷиргатол бо дастгоҳу таҷҳизоти наву замонавӣ ва фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоиди таълимӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ намоянд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520