Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии картошка дар ноҳияи Ҷиргатол

26.09.2013 14:32, ноҳияи Лахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавию инфиродии ҷамоати деҳоти Ҷиргатол ташриф оварда, бо рафти ҷамъоварии картошка шинос шуд.

Дар ин минтақа майдони умумии картошка 210 гектарро ташкил дода, ҳосилнокии картошка ба 300 сентнер мерасад.

Тавре зикр гардид шароит ва иқлими ноҳияи Ҷиргатол барои рушди картошпарварӣ мувофиқ буда, ноҳия имконият дорад бозорҳои дохилиро бо ин навъи маҳсулот таъмин намояд.

Соли ҷорӣ дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷиргатол дар майдони 4 ҳазору 30 гектар навъҳои серҳосили Кардинал, Пикассо ва ғайра кишт карда шудааст.

Дар заминаи хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавию инфиродии ҷамоати деҳоти Ҷиргатол 287 хоҷагии хурди оилавӣ ташкил гардида, нафарони зиёд соҳиби ҷойи кори доимӣ шуда, маоши баланд мегиранд.

Дар ин хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавию инфиродии ҷамоати деҳоти Ҷиргатол ҳосилнокии картошка имсол хеле зиёд буда, кишоварзон азм доранд, ки ҳам худ истифода намоянд ва ҳам сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакатро бо картошка таъмин намоянд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот ва интихоби тухмии серҳосил ба кишоварзону масъулини ноҳияи Ҷиргатол дастуру ҳидоятҳо дод.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520