Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Тавилдара

27.09.2013 16:50, ноҳияи Сангвор

Дар маркази ноҳияи Тавилдара аз ҷониби кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонию ҷамоавӣ намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд. Ҳангоми шиносоӣ аз ин намоишгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварди меҳнатии кишоварзон дар самти истеҳсоли картошка баҳои баланд дод.

Чунон, ки маълум гардид деҳқонони ноҳияи Тавилдара дар майдони 667 гектар навъҳои беҳтарини картошка кишт намуданд, ки ҳосилнокӣ аз 1 гектар 500 сентнерро ташкил дод.

Сарвари давлат бо кишоварзони ноҳия суҳбат намуда, доир ба афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд намудани боғҳои мевадиҳанда инчунин рушди соҳаи занбури асалпарварӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

Ноҳияи Тавилдара аз ноҳияхое мебошад, ки дар он вобаста ба шароити табиию ҷуғрофӣ истеҳсоли асали хушсифат мувофиқ аст ва бо назардошти ин сол то сол оилаи замбури асал зиёд карда мешавад. Алҳол дар ноҳия 11 ҳазору 800 оилаи замбури асал парвариш меёбад.

Сарвари давлат ба деҳқонон дастуру маслиҳат дод, ки ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода намуда, бо ин восита дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузоранд.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520