Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Кохи фарҳанг ва мулоқот бо фаъолони ноҳияи Тавилдара

27.09.2013 16:52, ноҳияи Сангвор

Дар маркази ноҳияи Тавлидара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои муҳташами Кохи фарҳангро ба истифода супурд. Пас аз буридани лентаи рамзи Сарвари давлат бо шароит ва имкониятҳои муҳаёгашта дар иншооти мазкур шинос шуд.

Кохи фарханги ноҳияи Тавилдара аз ду ошёна ва таҳҳонаи дорои шароити мусоиди корӣ ва толори барҳаво барои қариб 500 ҷойи нишаст мебошад, ки ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва маърифатӣ пешбинӣ шудааст. Фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи иншооти сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонии он аз ҷониби ҶДММ «Наҷҷор» ба анҷом расонида шудааст.

Иншооти мазкур дар давоми 2 сол бо харҷи 6 милиону 500 ҳазор сомонӣ бунёд шуда, дар ошёнаи якуми он китобхонаи марказии ноҳия низ ҷой гирифтааст.

Ҳангоми боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бунёди Кохи фарҳангро барои пешрафти фаъолияти кормандони соҳаи фарҳанги ин ноҳияи дурдаст муҳим арзёбӣ кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар толори барҳавои Кохи фарҳанг бо фаъолони ноҳияи Тавлидара мулоқот анҷом дод.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат изҳор намуд, ки ноҳияи Тавилдара зода ва ҳамқадами замони истиқлолият буда, дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати кишвар ба ин гӯшаи диёр ва заҳмати софдилонаву ватандӯстонаи сокинон кӯчаву хиёбон ва раставу гулгаштҳои маркази ноҳия зебову дилкаш гардида, биноҳои зебову замонавӣ қомат афрохтаанд.

Дар солҳои истиқлолият, махсусан аз соли 1995 инҷониб аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Тавидара зиёда 118 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ қариб 107 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Дар охир миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва сокинон суҳбати озоду самимӣ сурат гирифта, барои фаъолияти минбаъда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520