Дар маркази ноҳияи Ховалинг бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави филиали бонки саҳҳомии Агроинвестбонк ифтитоҳ ёфт.
Тавре зикр гардид, дар ин бино 18 нафар мутахассисони маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ гардидаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти бонк дастур дод, ки маоши кормандон аз 1200 сомонӣ кам набошад.
Иттилоъ дода шуд, ки ин филиали Агроинвестбонк то имрӯз ба маблағи 4,2 миллион сомонӣ ба мизоҷон қарз додааст ва беш аз 76%-и ин қарзҳо ба соҳибкорони соҳаи кишоварзӣ рост меояд.
Ҳоло сандуқи қарзии филиал қариб 5 миллион сомонӣ маблағ дорад. Шумораи умумии мизоҷони филиал 1135 нафар будааст.