Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими оғози навсозии роҳи мошингарди Ховалинг-Восеъ

29.09.2013 10:13, ноҳияи Ховалинг

Тавре зикр гардид, яке аз ҳадафҳои асосии боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ховалинг иштирок дар маросими тантанавии оғози навсозии роҳи мошингарди Ховалинг-Восеъ мебошад.

Зимни шиносоӣ бо нақшаи навсозии роҳи мошингарди Ховалинг-Восеъ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин роҳи 87-километра ва қитъаи Сайрон-Қарамиқи шоҳроҳи Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-сарҳади Қирғизистон бо харҷи  беш аз 89 миллион доллари амрикоӣ мавриди навсозӣ қарор мегирад. Аз ин маблағ 19 миллион доллараш саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70 миллион маблағҳои грантии Бонки осиёии рушд мебошад. Дар доираи ин лоиҳа дар масири Восеъ-Ховалинг 87 км роҳи асосӣ бо 12 пули хурду бузург ва ҳамчунин 30 км роҳҳои маҳаллии деҳот навсозӣ мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар доираи ҳамин лоиҳа роҳи Восеъ Ховалинг, бояд ҳамчунин бо сифати баланд ба шоҳроҳи Кӯлоб ва роҳи Ховалинг-Балҷувон пайваст карда шавад.

Зимни суханронӣ дар назди мардум Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо оғози навсозии ин роҳ табрику таҳният гуфта, ба роҳсозон дастур дод, ки корҳои навсозиро бо сифати баланди байналмилалӣ анҷом диҳанд. Чунонки таъкид гардид, роҳ бояд тавре навсозӣ шавад, ки ба ин минтақаи дурдасти кӯҳистон даҳсолаҳо хизмат кунад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520