Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиёрати оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ дар ноҳияи Ховалинг

29.09.2013 17:57, ноҳияи Ховалинг

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба дар ноҳияи Ховалинг оромгоҳи ҳазрати Султони Увайси Қараниро зиёрат намуд.

Бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид барои пойдории оромию осоиши Тоҷикистони азиз ва рифоҳи мардуми шарифи кишвар дуою фотиҳаи наку карданд.

 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз ду бинои якошёнаи сеҳуҷрагӣ, ки чун меҳмонхона барои қабули зиёраткунандагони ин зиёратгоҳ бунёд ёфтааст, шинос шуда, барои ба як мавзеи ободу зебои сайёҳӣ табдил додани ин мавзеъ супоришҳои судманд дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки дар ин ҷо як меҳмонхонаи бисёрошёна бо шароити муосири будубоши шаборӯзӣ ва истироҳату фароғат бунёд намоянд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520