Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби нав дар ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода

22.07.2011 11:00, шаҳри Турсунзода

Устодону хонандагони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи мо имрўз дар остонаи ҷашни бузурги миллиамон - бистсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шоҳиди ба истифода супоридани боз як натиҷаи неки раванди ободониву созандагии Ватанамон - мактаби нави замонавӣ гардидем. Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши идона ҳар кадоми шуморо бо фарорасии бузургтарин ҷашни таърихи навини давлатдориамон – бистумин солгарди истиқлолияти Ватани муқаддасамон – Тоҷикистон ва бунёди ин кохи зебои дониш табрик мегўям.

Ҳамзамон бо ин, ба сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин иншооти муҳим саҳми ватандўстонаи худро гузоштаанд, миннатдорӣ баён менамоям.

Дар раванди татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат, ки ҳадафи асосии он фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи насли наврас мебошад, дар тамоми қаламрави кишвар бунёду азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ торафт вусъат гирифта истодааст, ки мактаби навбунёди имрўза аз ҷумлаи онҳост.

Мактаб аз се бинои таълимии дуошёна, 18 синфхонаи таълимии барҳаво, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва майдони варзишӣ иборат буда, барои таҳсили 1250 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Сохтмони он бо сарфи маблағи беш аз 6 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба анҷом расонида шуд.

Вобаста ба ин бори дигар хотирнишон менамоям, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ ҳисобида, барои таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва созандагони ояндаи давлату ҷомеа пайваста кўшиш дорад.

Дар доираи татбиқи ин ҳадаф ҳукумат ҳар сол бо дарназардошти афзоиши аҳолии кишвар бунёди мактабҳои нав ва синфхонаву биноҳои таълимии иловагиро торафт зиёд карда истодааст.

Масалан, соли равон бахшида ба таҷлили 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода 7 мактаби нав ва чандин синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешавад.

Боиси хурсандист, ки ҷавобан ба ѓамхории ҳукумат дараҷаи донишандўзии хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар, аз ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Турсунзода сол то сол беҳтар шуда истодааст.

Натиҷаи ҳамин аст, ки имрўз 83 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Турсунзода аз тариқи квотаи Президентӣ дар мактабҳои олии кишвар таҳсил мекунанд.

Такроран хотиррасон мекунам, ки мо барои шумо - фарзандони азиз, минбаъд низ ҳамаи шароити зарурии таҳсилро фароҳам меоварем ва аз шумо фақат хубу аъло таҳсил кардан ва соҳиби илму ҳунар шуданро талаб дорем.

Ҳамчунин дар хотир дошта бошед, ки шумо насли замони нав ҳастед ва талаботи замони нав ин аст, ки ҳар як шахс ғайр аз дониши хубу ҷаҳонбинии васеъ доштан ва донистани якчанд забон, инчунин дастовардҳои техника ва технологияҳои навтарин, аз ҷумла технологияи компютериро бояд азхуд карда, онҳоро дар зиндагии ҳаррўзаи худ озодона истифода карда тавонад.

Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода супориш дода мешавад, ки барои пурра таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳр бо технологияи компютерӣ ва боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим ҳамаи чораҳои заруриро андешанд.

Ҳамзамон бо ин, дар ин кори хайр соҳибкорону тоҷирон ва шахсони баландҳиммат низ метавонанд кўмак намоянд. Зеро ғамхорӣ ба мактабу маориф кори тамоми ҷомеа мебошад. Яъне ҷомеа бо роҳи ѓамхорӣ ба мактаб ба ояндаи ободи худ ѓамхорӣ мекунад.

Бо вуҷуди он, ки давлат ҳамасола барои даҳҳо ҳазор хонандагон ҷойи нишаст муҳайё мекунад, лекин дар бисёр муассисаҳои таълимии кишвар, аз ҷумла шаҳри Турсунзода ҳоло ҳам норасоии ҷойи нишаст ба мушоҳида мерасад. Зеро чунон ки дар боло гуфта шуд, дар кишвари мо афзоиши аҳолӣ зиёд аст.
Бинобар ин, Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода вазифадоранд, ки доир ба ҳалли ин масъала мунтазам чораҷўи намоянд ва ѓайр аз маблаѓҳои буҷетӣ, чунон ки дар як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат дида мешавад, имкониятҳои соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони савобҷўйро васеъ ҷалб созанд.

Дар навбати худ, кормандони соҳаи маориф, омўзгорон ва алалхусус падару модарон ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки барои мунтазам баланд бардоштани сифати таълим, беҳтар ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ ва дар рўҳияи ватандўстиву ватанпарастӣ, ифтихор аз сарзамини аҷдодӣ ва таъриху фарҳанги миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва донишандўзиву илмомўзӣ тарбия кардани насли наврас ҳамеша саъю талош намоянд. Кўдакону наврасони имрўза кадрҳои ояндаи давлат мебошанд ва Ватанро фардо онҳо обод мекунанд, раванди созандагиву ободкориеро, ки мо оѓоз кардаем, онҳо идома медиҳанд, зеро фарзандони мо умеду орзуи мо ва давомдиҳандаи кори моянд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни 20 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ифтитоҳи мактаби нав табрик гуфта, бароятон бахту саодат, рўзгори хушу обод ва барои шогирдони ин боргоҳи илму дониш таҳсили аъло орзу менамоям.

Бо истифода аз фурсати муносиб пешниҳод менамоям, ки номи деҳаи Галаботур ҳамчун деҳаи навбунёд ва самараи даврони озодиву соҳибихтиёрии Ватанамон ба номи Истиқлол номгузорӣ шавад.

Доимо сарбаланду комёб бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520