Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар оғози сохтмони корхонаи бузурги сементбарорӣ дар болои ағбаи Чормағзак

01.10.2013 17:09, шаҳри Ваҳдат

Нимаи дуюми рӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар болои ағбаи Чормағзак сохтмони як корхонаи бузурги сементбарорӣ оғоз ёфт.

Чунонки аён гардид, ин корхонаи азими саноатӣ бо иқтидори солонаи 600 ҳазор тонна семент аз ҷониби ширкати муштараки Тоҷикистону Чин ТОҶЧИН дар зарфи 8 моҳ бо харҷи беш аз 20 миллион доллари амрикоӣ бунёд хоҳад ёфт. Аз ин маблағ 51% сармояи мустақим аз доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 49% сармояи соҳибкорони хусусии Тоҷикистон мебошад.

Ояндаи наздик ҳаҷми сармоягузорӣ то ба 50 миллион доллари амрикоӣ ва иқтидори истеҳсолии корхона ба 1,5 миллион тонна семент дар як сол расонда хоҳад шуд.

Тавре иттилоъ доданд, дар ин ҷо дар давраи сохтмон то 500 нафар ва пас аз ба кор даромадани корхона 250 кас бо корӣ доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Чуноки таъкид гардид, беш аз 80% коргарон шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд. Барои аз худ намудани нозукиҳои муҳандисию техникӣ ва технологии ин корхонаи муосир беш аз 50 нафар ҷавонони тоҷик бо ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба аз Ҷумҳурии Мардуми Чин дар Тоҷикистон омӯзонда ва омода карда мешаванд.

Ба иттилои роҳбарияти чинии корхона ин иншооти азими саноатӣ бо технологияи навтарини ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гардида, истеҳсолоти он бепартов хоҳад буд ва ҳеҷ зарари экологӣ ба табиати зебои ин мавзеъ нахоҳад расонд.

Дар ин ҷо сементи навъи 500 ва 600 истеҳсол мегардад, ки дар бозори дохил ва хориҷи кишвар харидорони бешумор дошта, дар сохтмони тамоми намуди иншоот, аз ҷумла иншооти бузурги саноатӣ ва гидротехникию гидроэнергетикӣ низ васеъ истифода мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520