Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ҳангоми вохурӣ бо сокинони шаҳри Турсунзода

22.07.2011 13:00, шаҳри Турсунзода

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Аввалан ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Ватани азизу муқаддасамон – Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба аҳли хонадони ҳар як сокини шаҳри Турсунзода оромиву осудаҳолӣ, хушҳоливу сарбаландӣ ва дар роҳи рушди ҳамешагии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барору комёбӣ таманно мекунам. Баъдан барои истиқболи гарму самимиатон, ки нишонаи ҷонибдории ҳаматарафаи шумо аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат мебошад, миннатдории худро баён менамоям.

Дастовардҳои шаҳр дар зарфи 20 соли истиқлолият аз он шаҳодат медиҳанд, ки мардуми ватандўсту сарбаланди Турсунзода ҳамаи саъю талоши худро ба иҷрои дастуру супоришҳои Президент ва ҳукумати мамлакат равона карда, дар ободонии Ватани маҳбубамон ва таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон низ дар навбати худ ҳамаи захираву имкониятҳоро барои зина ба зина беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони заҳматқарини шаҳри Турсунзода сафарбар намудааст.

Масалан, дар давоми 15 соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблаѓгузории давлатӣ барои рушди шаҳри Турсунзода 440 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ин маблаѓҳо барои беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, бунёди иншооти таъиноти гуногун, сохтмон ва таъмиру таҷдиди роҳҳо, инчунин дастгирии буҷети шаҳр равона карда шудаанд. Аз ҷумла, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон ва буҷети ҷумҳуриявӣ барои пардохти ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат, инчунин аз ҳисоби маблағҳои асосии марказонидашудаи вазорату идораҳо ва бонкҳо барои додани қарзи имтиёзнок ҷиҳати рушди соҳибкорӣ ва соҳаи кишоварзӣ беш аз 40 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Дар шаҳри Турсунзода ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли 2010-ум ба 2 миллиарду 600 миллион сомонӣ расидааст, ки ин нишондиҳанда дар соли 1991 970 миллион сомонӣ буд, яъне афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар ин давра 2,7 баробарро ташкил кардааст.

Ё худ, агар соли 2000- ум фондҳои асосӣ ҳамагӣ ба маблағи 5 миллион сомонӣ ба истифода супорида шуда бошанд, ин рақам дар соли 2010-ум ба 123 миллион сомонӣ расонида шудааст. Яъне ҳаҷми истифодабарии маблағҳо дар муддати танҳо 10 соли охир қариб 25 баробар афзудааст.

қисми даромади буҷети шаҳр аз 6,5 миллион сомонии соли 2000-ум, дар соли 2010-ум ба 67 миллион сомонӣ ва қисми хароҷоти он дар ин давра аз 3,6 миллион ба 45 миллион сомонӣ расидааст. Яъне ҳаҷми даромади буҷет нисбат ба соли 2000-ум 10 баробар ва хароҷоти он 12 баробар афзудааст.
Хотирнишон месозам, ки ин рақамҳо нишондиҳандаи танҳо даҳ соли охир мебошанд.

Дар ин давра, яъне солҳои 2000-2010-ум андозаи миёнаи нафақа аз 5 сомонӣ ба 153 сомонӣ баробар шуда, афзоиши он 34 баробарро ташкил кардааст.

Андозаи миёнаи музди меҳнат дар давоми даҳ соли охир 10 баробар афзуда, аз 52 сомонии соли 2000-ум дар соли 2010-ум ба 551 сомонӣ расидааст.
Чунонки шумо огоҳ ҳастед, бо мақсади танзими бозори меҳнат ва шуѓли аҳолӣ ва дар доираи татбиқи барномаи зиддибўҳронӣ ҳукумати мамлакат бо роҳи бунёди корхонаҳои нави замонавӣ ҷойҳои иловагии корӣ муҳайё карда истодааст.

Имрўз дар корхонаи «Ширкати алюминии Тоҷик», ки бузургтарин корхонаи саноатии кишвар буда, дар ғанигардонии буҷети давлат саҳми калон дорад, даҳуним ҳазор мутахассисону коргарон аз шаҳри Турсунзода ва шаҳру ноҳияҳои дигар машѓули коранд ва маоши хуб мегиранд.
Ҳоло дар шаҳри Турсунзода қариб 1400 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва 10 хоҷагии давлатӣ фаъолият доранд, ки барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва торафт паст намудани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамоянд.

Яке аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати Тоҷикистон таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад. Шаҳри Турсунзода дар баробари шаҳри саноатӣ буданаш минтақаи аграрии кишвар ҳисоб меёбад. Дар шаҳр деҳқонони асилу заҳматпеша фаъолият мекунанд, ки ҳар ваҷаби заминро самаранок истифода бурда, ҳосили баланд ба даст меоранд ва дар таъмини бозори истеъмолии дохилӣ, инчунин афзоиши иқтидори содиротии кишвар саҳми босазои худро гузошта истодаанд. Натиҷаи заҳмати онҳост, ки ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ҳоло нисбат ба солҳои аввали истиқлолият ду баробар зиёд шудааст.

Дар даврони истиқлолият соҳаи кишоварзӣ дар шаҳри Турсунзода марҳала ба марҳала рў ба инкишоф ниҳод. Заминҳои бекорхобидаву аз кишт бозмонда ба дасти соҳибони аслии хеш, яъне деҳқонон вогузор карда шуданд. Ба масъалаи ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки асоси пешравии соҳаи кишоварзӣ мебошанд, аҳамияти махсус зоҳир карда шуд.

Дар ин давра нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзӣ, пеш аз ҳама, дар самти парвариши ѓалладонагиҳо, картошка, сабзавот, зироатҳои полезӣ, бунёди боѓу токзор, истеҳсоли маҳсулоти чорво, асал ва пилла назаррас мебошанд.

Агар майдони умумии кишти ғалладонагиҳо дар соли 2000-ум 7 ҳазору 405 гектарро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2010-ум ба 15,7 ҳазор гектар расонида шуд. ҳамчунин майдони боѓу токзор аз 766 гектари сли 2005-ум дар соли 2010-ум ба 3 ҳазору 500 гектар расидааст.

Истеҳсоли ғалладонагиҳо нисбат ба соли 2005-ум 138 фоиз, сабзавот 140 , картошка 156, ангур 219 ва зироатҳои полезӣ 123 фоиз зиёд гардидааст, ки ин ҳама аз заҳмати пурсамари кишоварзони Турсунзода дарак медиҳад.

Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланд ва меҳнатдўсти Турсунзода минбаъд низ бо рўҳияи созанда заҳмат кашида, нишондиҳандаҳои истеҳсолии худро боз ҳам афзун мегардонанд ва саҳми арзандаи хешро дар амалӣ шудани барномаи давлатии таъмини амнияти озуқавории кишвар ва фаровонии дастурхони мардум мегузоранд.

ҳозирини гиромӣ!

Шумо хуб медонед, ки ҳукумати мамлакат имрўзҳо барои таъмини ҳарчи беҳтари аҳолии кишвар бо нерўи барқ, хусусан дар фасли зимистон тамоми чораҳои имконпазирро андешида истодааст. Мо дар баробари бунёди нерўгоҳҳои бузурги барқи обӣ ва таъмиру таҷдиди нерўгоҳҳои амалкунанда, ҳамчунин бо истифода аз маблаѓҳои худӣ ва бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохтмони нерўгоҳҳои хурду миёнаи барқи обиро вусъат дода истодаем. Дар ҳудуди шаҳри Турсунзода дар доираи чунин корҳои созандагӣ сохтмони нерўгоҳи барқи обии «Ширкент-3» дар деҳаи Асбоби ҷамоати деҳоти Работ анҷом ёфта, сохтмони боз ду нерўгоҳи хурди дигар дар дарёи Ширкент ба нақша гирифта шудааст.

То назди шумо омадан мо дар маросими ба кор оғоз кардани корхонаи истеҳсоли орду макарон, ки аз ҷониби ҷамъияти «Сомон - Тўрон - Инвест» сохта шудааст, ширкат доштем, ки ин бунёдкориҳо дастовези сазовори сокинони шаҳри Турсунзода ба истиқболи ҷашни 20 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошанд.

Ҳамчунин, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Турсунзода як қатор бинову иншооти муҳим, аз ҷумла, муҷассамаи шоири маҳбуб, қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, Маҷмааи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳр, хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, 8 бозори нав, 6 сехи истеҳсолӣ, бинои 5 бонк, 20 сехи дўзандагӣ, 3 чойхонаи миллӣ, 5 маркази савдо ва зиёда аз 200 мағоза ва нуқтаҳои савдо сохта, мавриди баҳрабардории аҳолӣ қарор дода шуданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба истиқболи 20 - солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани боз 23 иншооти дигарро ба нақша гирифтааст, ки аксари онҳоро иншооти таъиноти иҷтимоӣ, аз қабили мактабу китобхона, бунгоҳи тиббӣ ва дигар иншоти маишиву истеҳсолӣ ташкил медиҳанд. Имрўз мо дар маросими ифтитоҳи Осорхона ва китобхонаи марказӣ, маркази саломатӣ ва ташхисӣ, мактаби нави рақами 73 дар ҷамоати деҳоти Навобод барои 1250 нафар хонанда иштирок доштем.

Дар давоми 20 соли истиқлолияти кишварамон дар шаҳри Турсунзода 25 мактаби таҳсилоти умумӣ бо 310 синфхона барои 9 ҳазору 500 хонанда ва 64 синфхонаи иловагӣ барои 2 ҳазору 600 хонанда сохта, ба истифода дода шуданд.

Ҳамаи ин бинову иншооти зикршуда аз як тараф боиси бошукўҳ ва ободу зебо шудани маркази шаҳр ва кўчаву хиёбонҳои он гардида, аз тарафи дигар барои соҳиби ҷойи доимии кор шудани садҳо нафар сокинони маҳаллӣ шароит фароҳам меоранд.

Айни замон дар қаламрави ноҳия татбиқи 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дорад, ки барои таҷдиди соҳаи маориф, сохтмони мактабҳо, барқарсозии бахши энергетика ва рушди соҳаи кишоварзӣ равона карда шудаанд. Ба ғайр аз ин, асосноккунии техникиву иқтисодии таҷдиди роҳи байналмилалии Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ўзбекистон омода карда шуд, ки корҳо дар ин самт рўзҳои наздик шурўъ мешаванд.

Дар асоси ҳисоби пешакӣ маблағи умумии лоиҳа қариб 900 миллион сомонӣ, баробар бо 186 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар ҷараёни татбиқи ин лоиҳа 300 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор мешаванд.

Давлат ва ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда барои рушди ҳамаҷонибаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, пеш аз ҳама доир ба фароҳам овардани шароити мусоиди кору зиндагӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, аз ҷумла сокинони заҳматқарини Турсунзода ѓамхорӣ хоҳад кард.

Вазифаи шумо – роҳбарону фаъолони шаҳр, раисони ҷамоатҳо ва маҳаллахонаҳо, шахсони обрўманду таҷрибадор дар оянда низ сафарбар намудани мардум ба корҳои созандагиву ободкорӣ, истифодаи оқилонаву самараноки обу замин, сарфаю сариштакорӣ ва кўмак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд ва анҷом додани дигар амалҳои хайру савоб, хусусан дар моҳи шарифи рамазон ва арафаи ҷашнҳои бузурги миллиамон мебошад.

Дар ин раванд ҳамчунин дар хотир дошта бошед, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон имсол 100 – солагии шоири барҷастаи мо, қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода таҷлил мегардад ва шаҳри шумо номи ин шахсияти маъруфро дорад. Устод Турсунзодаро ҷаҳониён, пеш аз ҳама, чун мунодии сулҳу дўстӣ мешиносанд.

Ва шумо – сокинони сарбаланди шаҳри Турсунзода дар таҳкими ваҳдати миллӣ, дўстии халқу миллатҳои гуногун, заҳмати созанда ва ободии диёр бояд намуна бошед.

Итминони комил дорам, ки аҳли заҳмати шаҳри Турсунзода бо рўҳияи болидаи ободкориву созандагӣ 20 - солагии истиқлолияти давлатии Ватани азизамон - Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ, хонаву дари обод, дастурхони пур аз нозу неъмат ва хотири ҷамъу дили осуда истиқбол мегиранд.

Дар охир ҳамаи шумо – мардуми шарафманду меҳнатқарини Турсунзодаро бори дигар бо ҷашни фархундаи умумимиллӣ – истиқлолияти давлатии Ватани муқаддасу маҳбубамон муборак гуфта, бароятон хушбахтӣ, барори кор ва сарбаландиву сарафрозӣ орзумандам.

Ҳамеша саломату пирўз бошед!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520