Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо кори гимназияи хонандагони лаёқатманди ба номи Абулфазли Балъамии шаҳри Ваҳдат

03.10.2013 13:10, шаҳри Ваҳдат

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар гимназияи хонандагони лаёқатманди ба номи Абулфазли Балъамии шаҳри Ваҳдат бо рафти таълиму тарбияи насли наврас бевосита шинос шуд.

Тавре аён гардид, ин гимназияи дорои анъанаҳои шуҳратманди шаҳри Ваҳдат соли 2012 бо харҷи 2,7 миллион сомонӣ мавриди навсозӣ қарор гирифта, бинои дуошёнаи он ба сеошёна табдил дода шудааст. Ҳоло дар ин муассисаи таълимӣ 300 нафар хонанда бо таълиму тарбияи хушсифат фаро гирифта шудаанд.

Гимназия дорои 20 синфхона аст ва 14 тои он синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ мебошанд. Ду синфхона барои ҳунаромӯзии духтарон ва писарон махсус гардонда шудааст.

Чунонки иттилоъ доданд, аксари хатмкардагони ин гимназия ба муассисаҳои таҳсилоти олии дохил ва хориҷи кишвар шомил гардида, бо нишондодҳои баланд таҳсили илму маърифат мекунанд.

Маҳсули эҷод ва ихтирооти хонандагон ва чанде аз хатмкардагони ин боргоҳи маърифат дар ошёнаи якуми бино ба маъраз гузошта шуда буд, ки мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520