Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат

03.10.2013 13:19, шаҳри Ваҳдат

Дар маркази шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бинои навбунёди Кохи маърифат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Чунонки аён гардид, дар Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат толори бузурги маҳфилҳои фарҳангӣ бо 170 ҷойи нишаст, 2 толори махзани китоб, толори калони китобхонӣ, чопхонаи дорои дастгоҳу таҷҳизоти муосир барои ба табъ расондани маводи гуногуни чопӣ, утоқҳои кории бахши занон ва ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, коргоҳҳои рӯзномаи маҳаллии Шаҳриёр ва маҷаллаи Бахтофарони Ваҳдат ва шуъбаи Иттифоқи Нависандагони ҷумҳурӣ дар шаҳри Ваҳдат ҷойгир шудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи намояндагони шоирону нависандагон ва дигар зиёиёни эҷодкори кишвар бо шароити кору эҷод дар ин муассисаи фарҳангу маърифат бевосита шинос шуда, ба тарҳи биноҳо ва сифати сохтмону таҷҳизот баҳои баланд дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520