Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо сокинони шаҳри Ваҳдат

03.10.2013 14:24, шаҳри Ваҳдат

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Нахуст аз ҳама мехоҳам хотирнишон созам, ки ба шарофати истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва фазои орому осудаи кишварамон солҳои охир дар ҳамаи гӯшаву канори Ватанамон корҳои созандагиву бунёдкорӣ рӯз то рӯз авҷи тоза гирифта, шароити зиндагӣ ва дараҷаи некӯаҳволии халқамон торафт беҳтар гардида истодааст.

Дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву софдилонаи мардуми шарифамон кишвари соҳибихтиёри мо ҳоло ба марҳалаи навини рушд расида, дар роҳи таҳкиму тақвияти аркони давлатдории мустақили тоҷикон бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Дар ин раванди созанда ва ободкории Ватани маҳбубамон саҳми сокинони сарбаланди шаҳри Ваҳдат низ хеле назаррас мебошад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки вақтҳои охир ва хусусан дар остонаи таҷлили ҷашни соҳибистиқлолии кишвари азизамон бо саъю талоши мардуми ватандӯсти шаҳри Ваҳдат як қатор иншооту биноҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ ва дигар амалҳои хайру савоб анҷом дода шудаанд.

Мо имрӯз то ба назди шумо омадан бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва фаъолияти корхонаҳои саноативу сохтмонии шаҳр шинос шуда, дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооту биноҳои нави таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ ширкат доштем.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат, сарфи назар аз мушкиливу вазниниҳои солҳои аввали истиқлолият, дар шаҳри Ваҳдат дар самти амалисозии барномаҳои давлатӣ, рушди босуботи иқтисодӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ба кор андохтани корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум бисёр тадбирҳои судманду созандаро амалӣ намуд.

Дар натиҷаи татбиқи сиёсати иқтисодиву иҷтимоии Ҳукумати мамлакат дар шаҳри Ваҳдат рушди бомароми ҳамаи соҳаҳо таъмин гардида, соли гузашта шаҳри Ваҳдат аз қатори шаҳру ноҳияҳои ба субвенсияи буҷети ҷумҳурӣ эҳтиёҷманд баромад.

Ҳоло даромади буҷети шаҳр аз 6 миллион сомонии соли 2005 то ба 60,4 миллион сомонӣ дар соли 2012 афзоиш ёфтааст, ки ин зиёдшавӣ беш аз 10 баробарро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки 83 фоизи хароҷоти маблағҳои буҷетии соли 2012 ба соҳаи иҷтимоӣ равона карда шуда, соли ҷорӣ қисми даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллӣ зиёда аз 74 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар баробари дастгириву маблағгузориҳои марказонидашудаи буҷети давлатӣ пайваста ба афзоиш ёфтани ҳаҷми буҷети шаҳр қисми хароҷоти он низ зиёд гардида, пеш аз ҳама ба дастгириву рушди соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардида истодааст.

Бояд гуфт, ки танҳо дар давоми солҳои 2007-2012 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тараққиёти шаҳр зиёда аз 440 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки маблағҳои ҷудошуда барои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сохтмони иншоот, таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингард ва дастгирии буҷети шаҳр равона карда шудаанд.

Аз ҷумла, дар зарфи солҳои сипаришуда дар шаҳри Ваҳдат дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориҳои давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 320 миллион сомонӣ корҳои созандагӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 4 лоиҳаи сармоягузорӣ идома дорад.

Ҳамаи ин иқдомҳои Ҳукумати мамлакат барои таъмини рушди тадриҷии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, таъминот бо барқ, таҷдиди роҳҳои мошингард ва рушди деҳот нигаронида шуда, табиист, ки боиси беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мегарданд.

Фақат дар доираи татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма имрӯз роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардида, дар ҳудуди ноҳия беш аз 22 километр роҳ таҷдиду азнавсозӣ карда шудааст, ки боиси куллан беҳтаршавии имкониятҳои рафтуомади сокинони он ба пойтахти кишвар ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат гардидааст.

Инчунин ду рӯз пеш мо нақби “Хатлон”-ро ба истифода супоридем, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншооти муҳими миллӣ дар баробари сабуку осон гардидани равобити сокинони мамлакат боиси рушди сайёҳӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва болоравии некӯаҳволии сокинони мамлакат, аз ҷумла аҳолии шаҳри Ваҳдат хоҳад шуд.

Солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва саъю талоши созандаи сокинон симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ тағйир ёфта, дар ҳудуди он корхонаҳои нави истеҳсоливу хизматрасонӣ ва иншооти маишиву фарҳангӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Аз ҷумла, дар ин давра бо саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ ва ширкати фаъолонаи аҳолӣ 133 иншооти гуногун ба маблағи умумии қариб 104 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Вобаста ба ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки дар самти амалӣ намудани сиёсати давлатии дастгирӣ ва рушди соҳибкории истеҳсолӣ бартарафсозии монеаҳои сунъии маъмурӣ омили муҳим мебошад.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдатро зарур аст, ки ҷиҳати рушди соҳибкорӣ, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси корхонаҳои нав, ҳарчи бештар коркард намудани маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии шаҳрвандон чораҳои иловагӣ андешанд.

Дар Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва ташаббусҳои созандаи шаҳрвандони мамлакат таваҷҷуҳи махсус дода шуд ва бинобар ин зарур аст, ки имкониятҳои то ҳанӯз истифоданашуда дар самти ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ҳарчи бештар афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти қобили рақобат ва ба содирот нигаронидашуда, инчунин коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ бояд мавриди чораҷӯӣ қарор дода шаванд.

Бо мақсади дастгирии рушди соҳибкорӣ дар шаҳри Ваҳдат аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ пешниҳоди маблағҳо торафт афзоиш ёфта истодааст.

Агар дар соли 2007 ба соҳибкорони шаҳр 73 миллион сомонӣ қарз дода шуда бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2012 қариб ба 200 миллион сомонӣ расидааст.

Дар робита ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки тамоми сохтору мақомоти дахлдор, пеш аз ҳама, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла шаҳри Ваҳдат вазифадоранд, ки ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи соҳибкорон, махсусан соҳибкории истеҳсолиро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз соли 1997 инҷониб ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Ваҳдат торафт афзоиш ёфта, соли 2012–ум 55 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 1997–ум беш аз 4 баробар зиёд мебошад.

Вале ин нишондиҳандаҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд, зеро имкониятҳои истеҳсолии ноҳия ниҳоят зиёданд.

Бинобар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат супориш дода мешавад, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати таъмини суръати рушди корхонаҳои саноатӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади тақвият бахшидани рушди саноати мамлакат Нақшаи амал оид ба ташкили корхонаҳои саноатӣ барои солҳои 2012-2013-ро қабул намуд, ки тибқи он дар шаҳри Ваҳдат бояд 8 корхонаи нави саноатӣ бунёд карда шавад.

Хурсандиовар аст, ки то аввали июли соли ҷорӣ ҷиҳати амалӣ гардидани нақшаи зикршуда дар шаҳри Ваҳдат 10 корхонаи хурди саноатӣ ба кор шурӯъ намуда, 225 нафар шахсони бекор бо ҷойҳои навӣ корӣ таъмин карда шудаанд.

Инчунин дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ боз 3 корхонаи хурди истеҳсолӣ бо таъсиси қариб 100 ҷойи навӣ корӣ ба фаъолият оғоз менамояд.

Ду рӯз пеш, яъне баъди ифтитоҳи нақби “Хатлон” мо дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат санги асоси бунёди корхонаи сементбарориро гузоштем. Корхонаи мазкур бо ҷалби 250 миллион сомонӣ дар муҳлати 6-8 моҳ сохта, ба истифода дода хоҳад шуд.

Ҳаҷми маблағгузорӣ соли аввал 100 миллион сомониро ташкил дода, дар ҷараёни сохтмони корхона беш аз 300 нафар мутахассисону коргарони ватанӣ ва баъди ба кор оғоз кардани он 350 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Дар иртибот ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва сохтору мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда ва бо мақсади афзун гардонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами корхонаҳои мавҷуда, бо таҷҳизоти технологии наву замонавӣ таъмин намудани онҳо, бунёди корхонаҳои нав ва дар ин замина таҳким бахшидани нерӯи саноативу истеҳсолии мамлакат тадбирҳои муассир андешанд.

Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки ба рушди соҳаи коркарди маҳсулот ҳамаҷониба эътибор дода, ҷиҳати ҳарчи бештар таъмин намудани талаботи бозори дохилӣ ва афзун гардидани имконияти содиротии мамлакат чораҳои мушаххас андешида шаванд.

Ҳозирини гиромӣ!

Шаҳри Ваҳдат мавзеи аграриву саноатӣ маҳсуб ёфта, соҳаи кишоварзӣ дар пешбурди иқтисодиёти шаҳр ва таъмини аҳолии пойтахти мамлакат бо меваю сабзавот нақши муҳим дорад.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи заҳмати кишоварзони шаҳри Ваҳдат ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфта, дар шаш моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли он ба 178 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28 фоиз зиёд мебошад.

Дар давоми солҳои 2005-2012 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 3 баробар, молҳои саноатӣ 2 баробар ва ҳаҷми гардиши чаканаи мол 2 баробар, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ қариб 5 баробар ва маблағгузорӣ ба сохтмон 14 баробар афзоиш ёфтааст.

Айни замон барои кишоварзон давраи серташвиш, яъне сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили парваришкардаашон ва дар мӯҳлатҳои мувофиқ гузаронидани кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ фаро расидааст.

Аз ин рӯ, Вазорати кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзиро зарур аст, ки барои сари вақт ва хушсифат гузаронидани кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладонагӣ ва сабзавоти барвақтӣ, инчунин таъмини хоҷагиҳо бо тухмиҳои серҳосил, сӯзишворӣ ва нуриҳои маъданӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Инчунин бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои ташкил намудани корхонаҳои коркарди маҳсулот, бунёди анборҳои захираи маҳсулот, таъмини бозорҳои пойтахт бо меваю сабзавот, истифодаи самараноки гармхонаҳои доимамалкунанда ва ташкили гармхонаҳои нав тадбирҳои муассир андешанд.

Ҳамчунин масъулони соҳаро зарур аст, ки дар баробари амалӣ намудани барномаҳои соҳавӣ ба масъалаи ҳарчи бештар ба коркарди саноатӣ фаро гирифтани меваю сабзавот, гӯшту шир ва дар айни замон рушди парандапарварӣ аҳамияти махсус диҳанд.

Илова бар ин, вазоратҳои мелиоратсия ва захираҳои об, кишоварзӣ, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдатро зарур аст, ки доир ба азхудкунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва бо оби полезӣ таъмин намудани киштзорҳо мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат тавассути рушди соҳаҳои иқтисодии шаҳру ноҳияҳои мамлакат тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошад.

Бо ин мақсад дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар барои беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии шаҳри Ваҳдат ва бо дарназардошти ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ дар асоси қарорҳои Ҳукумати мамлакат барои таъмини сокинони шаҳри Ваҳдат бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва сохтмони манзили истиқоматӣ 669 гектар замин ҷудо гардида, ба 4 ҳазору 600 оилаи эҳтиёҷманд, аз ҷумла ба 165 оилаи муаллимон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ тақсим карда шудааст, яъне қариб 35 ҳазор нафар одамон шароити манзили худро беҳтар кардаанд.

Инчунин тибқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии мамлакат соли ҷорӣ дар шаҳри Ваҳдат қариб 1700 ҷойҳои навӣ корӣ таъсис дода шудаанд, ки ин 103 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат 9 мактаби нави таҳсилоти умумӣ ва 32 синфхонаҳои иловагӣ барои таҳсили беш аз 10 ҳазор хонанда дар ду баст ва 24 муассисаи нави тиббӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Инчунин 8 синфхонаҳои иловагӣ ва 5 муассисаи тиббии дигар то охири соли ҷорӣ ба истифода дода мешаванд.

Ҳамзамон бо ин, ҳоло дар деҳаҳои Гулистон ва Лиҷак сохтмони ду бинои нави мактаб барои 3600 хонанда идома дорад.

Дар баробари ин зарур аст, ки ба фаъолияти бонизоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, тандурустиву фарҳанг ва дигар иншооти иҷтимоӣ аҳамияти махсус дода, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта, махсусан доир ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода тадбирҳои доимӣ андешида шаванд.

Ҳамзамон бо ин, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зарур аст, ки ба қабули шаҳрвандон ва баррасии масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии сокинон дар маҳалҳо бояд аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Зеро таҳлили арзу шикоятҳои шаҳрвандон ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат нишон медиҳад, ки танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз аҳолии шаҳри Ваҳдат 240 аризаву муроҷиат ворид гардидааст, дар ҳоле, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 160 арзу шикоятро ташкил дода буд.

Яъне таҳлили муқоисавӣ нишон медиҳад, ки шумораи муроҷиаткунандагон 80 нафар зиёд шудааст.

Ҳамзамон бо ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки бо истифода аз ҳамаи имконияту воситаҳо, аз ҷумла тавассути ба роҳ мондани шарикӣ бо бахши хусусӣ, яъне ҷалби нерӯву сармояи соҳибкорони дохилӣ ҷиҳати таъмиру барқарорсозии роҳҳои маҳаллӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ намоянд.

Инчунин иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунҳо «Дар бораи танзими расму анъана ва ҷашну маросимҳо» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷумлаи вазифаҳои ҳаррӯзаи ҳар як падару модар, кормандони маориф, зиёиёну шахсони рӯзгордида ва дар маҷмӯъ аҳли ҷомеа мебошад.

Хотирнишон месозам, ки мо қонун “Дар бораи танзими расму анъана ва ҷашну маросимҳо”-ро на барои ҳавою ҳавас, балки маҳз ба хотири пешгирӣ кардани сарфу хароҷоти миёншикан ва исрофкориву намоишкорӣ баъди мулоҳизаву муҳокимаҳои зиёд ва омӯзиши чандинсолаи афкори умум қабул кардем.

Ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ва тамоми мардуми Тоҷикистон то имрӯз манфиати зиёди қонунро дар рӯзгори худ ба хубӣ эҳсос намуда, бовар ҳосил кардаед, ки қабули чунин қонун иқдоми бисёр зарурӣ ва саривақтӣ буд.

Имрӯз доир намудани тӯю маъракаҳо хеле сабук гардида, шумораи хатнасур, тӯйҳои арӯсиву домодӣ ва маъракаҳои хурсандии дастаҷамъона торафт меафзояд, дар кишвар теъдоди телефонҳои мобилӣ аз шумораи умумии аҳолӣ зиёд аст ва кам оилае ёфт мешавад, ки автомашинаи сабукрав надошта бошад.

Масалан, агар соли 2006, яъне то қабули қонун танҳо дар шаҳри Ваҳдат ва ҷамоатҳои он 1900 ҳолати ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда бошад, пас соли 2007 дар давоми ним соли амали қонун ин рақам қариб ба 4000 расидааст, яъне тӯйҳои арӯсиву домодӣ беш аз ду баробар афзудаанд.

Соли дуюми амали қонуни танзим, яъне соли 2008 афзоиши тӯйҳои арӯсиву домодӣ се баробарро ташкил карда, ба 6 ҳазор расидааст.

Хароҷоти баргузории маъракаҳо ба ҳисоби миёна аз 8750 сомонии то давраи қабули қонун ба 3300 сомонӣ паст фаромада, дар баргузории 44150 маърака дар давраи амали қонун сокинони шаҳри Ваҳдат ба ҳисоби миёна беш аз 230 миллион сомонӣ сарфа намудаанд. Ин ҳама нишонаҳои манфиатовари қонуни миллии кишвар мебошад.

Ғайр аз ин, мо дар давоми солҳои охир дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо барои сохтмони манзили истиқоматӣ даҳҳо ҳазор гектар замин ҷудо кардем ва ҳоло беш аз як миллион оилаҳои кишвар соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ шуда, манзили истиқоматии нав бунёд карда истодаанд.

Ҳамаи ин беҳбудиву пешравиҳо ба мардуми мо ба шарофати сулҳу суботи кишвар, ваҳдати миллӣ, инчунин риояи муқаррароти қонуни танзим муяссар шудаанд.

Мо бояд фармудаҳои гузаштагони худро доир ба сарфаю сариштакорӣ, ки шарти муҳими зиндагии босаодати ҳар хонавода мебошад, ҳамеша риоя кунем, инчунин фаромӯш насозем, ки исрофкорӣ ҳам дар каломи Худованд - Қуръони карим ва ҳам дар ҳадисҳои Ҳазрати Расулу суханони саҳобаҳои киром маҳкум ва накӯҳиш шудааст.

Масалан, Ҳазрати Абӯбакри Сиддиқ мефармояд: - “Ман аҳли хонаводаеро бад мебинам, ки ризқи чанд рӯзашонро дар як рӯз харҷ мекунанд”.

Дигар ин, ки мо бояд ҳамеша шукронаи давлати соҳибихтиёру озод ва осудагии Ватанамонро ба ҷо оварда, кӯшиш кунем, ки барои ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ ва оромиву суботи ҷомеаву давлат ҳиссаи фарзандӣ ва саҳми шаҳрвандии худро гузорем.

Вазифаи имониву виҷдонии ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ин аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, дар шароити пуртазоди сайёра ва торафт шиддат гирифтани рақобати байни қудратҳои ҷаҳони имрӯза барои тарбияи фарзандон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, илмомӯзӣ, азхуд кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои пешрафта ба хотири пешрафти иқтисодиву иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли хеш мунтазам ҷаҳду талош намояд.

Ман борҳо гуфта будам ва бори дигар таъкид месозам, ки Ватан ва давлатро фақат мутахассисон, яъне кадрҳое, ки донишманду забондон ва дорои касбу ихтисоси ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошанд, обод карда метавонанд. Ҳамаи шумо имрӯз аз вазъи ҷаҳон хуб бохабар ҳастед.

Дар чунин шароити бисёр ҳассосу печида мо вазифадорем, ки наслҳои наврас ва ҷавононро ҳамеша ба роҳи рост ҳидоят кунем, дар зеҳну шуури онҳо эҳсоси гарми ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, эҳтироми калонсолон ва риояи қонунияту тартиботро тарбия намоем, то ки онҳо оянда бо ифтихор аз давлату миллати худ кору фаъолияти ободгаронаи мову шуморо идомаи нек бахшанд.

Дар раванди тарбияи наврасон зарур аст, ки ба онҳо қадру қимати озодиву истиқлолият, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии мамлакат, ваҳдати миллӣ, ҳамчунин аҳамияти арзишҳои волои миллӣ фаҳмонида шавад.

Зеро тавре ки вақтҳои охир мушоҳида мегардад, баъзе гурӯҳҳо ва доираҳо аз фазои озоди давлати демократии Тоҷикистон истифода намуда, мехоҳанд мақсадҳои ғаразноки шахсӣ ва гурӯҳии худро дар либоси динӣ ифода намоянд.

Ин ҳолат боиси ҷудоӣ ва парокандагӣ дар байни шаҳрвандон мегардад. Дар ҳоле, ки дини мубини ислом ойини мадоро, сабру таҳаммул ва ваҳдатхоҳиву инсонгароӣ мебошад.

Гузашта аз ин, рисолати дини мубини ислом аз тариқи ваҳдату ҳамдигарфаҳмии инсонҳо таъмин намудани суботи ҷомеа мебошад, на тафриқаву ҷудоиандозӣ дар байни уммати ислом.

Ба ин маънӣ дар Қуръони карим омадааст: - “Эй мардум! Ба дурустӣ, ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то ба якдигар шиносо шавед”.

Ман андешаҳои худро доир ба ин масъала муфассал изҳор карда будам ва бори дигар бо камоли масъулият хотиррасон месозам, ки давлати Тоҷикистон ба дини мубини ислом эҳтиром мегузорад, вале ба хотири таъмини амният, оромиву суботи ҷомеа ва осоиши мардуми кишвар пеши роҳи ҳама гуна ҷудоиандозиву тафриқаангезиро қотеъона хоҳад гирифт.


Давлати демократӣ ва дунявии мо ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ ва эътиқодиро эътироф мекунад ва кафолат медиҳад, вале ин ҳуқуқу озодиҳо ҳеҷ касро аз масъулият дар назди қонун, истиқлолияти давлатӣ, тинҷию амонии халқи тоҷик ва манфиатҳои миллату давлати Тоҷикистон озод наменамоянд.

Дар замони шӯравӣ дар шаҳри Ваҳдат таҳо як масҷиди ҷомеъ амал мекард. Имрӯз дар шаҳр як масҷиди ҷомеи марказӣ, 13 масҷиди ҷомеъ, 80 масҷиди панҷвақта фаъолият мекунад ва илова бар ин, ба 13 масҷиди панҷвақта ба тариқи истисно иҷозати хондани намози ҷумъа дода шудааст.

Акнун худатон қазоват кунед, ки озодӣ ва шароит барои адои фаризаҳои динӣ магар аз ин беҳтар мешавад?

Дар даврони шӯравӣ теъдоди шахсоне, ки аз ҷумҳурӣ умуман ва аз ҷумла аз шаҳри Ваҳдат ба зиёрати хонаи Худо рафта бошанд, ангуштшумор буд, вале дар даврони соҳибихтиёрӣ ҳамасола беш аз 200 нафар шаҳрвандон аз шаҳри Ваҳдат ба зиёрати хонаи Худо мераванд, ки имрӯз шумораи онҳо дар шаҳри шумо беш аз панҷ ҳазорро ташкил медиҳад.

Бар замми ин, ҳамасола садҳо нафари дигар ба хонаи Худо ҷиҳати адои умра сафар мекунанд.

Дар робита ба ин, мехоҳам суханони яке аз шахсиятҳои барҷастаи олами ислом, ҳамзамон ва муаллими Имом Бухорӣ, инчунин интишордиҳандаи мазҳаби ҳанафӣ дар Мовароуннаҳр Абӯҳафси Кабирро мисол оварам, ки таъкид мекард: “Пайваста дониш андӯзед, илмро бо амал пайваст намоед, ба корҳои сиёсии давлат дахолат накунед, дар ҳаққи мардум бадгӯӣ накунед, соҳиби кори хеш бошед, агар чунин карда бошед, ман бо шумо розиям.”

Ҳамзамон бо ин, раҳнамоӣ ва ташвиқ намудани мардум ба ободонии шаҳру деҳот, кӯчаву маҳалли зист, кӯмак ба ятимону маъюбон ва эҳтиёҷмандону оилаҳои камбизоат, ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи доимии ҳар як роҳбари сохтору мақомоти давлатӣ ва фаъолони шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Итминони комил дорам, ки мардуми баору номус ва заҳматқарини шаҳри Ваҳдат минбаъд низ бо меҳнати ҳалолу созандаи хеш барои ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон ва боз ҳам афзун намудани иқтидори иқтисодии мамлакат саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек ба ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд ва кулли сокинони боғайрату меҳмоннавози шаҳри Ваҳдат тансиҳатӣ, рӯзгори бобаракат ва барори кор орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520