Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои кории мақомоти вилоятии чор идораи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Хоруғ

10.10.2013 10:31, шаҳри Хоруғ

Дар маркази шаҳри Хоруғ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як бинои боҳашамати чорошёна ифтитоҳ ёфт, ки дар он утоқҳои кории мақомоти вилоятии чор идораю муассисаи ҷумҳуриявӣ ҷойгир шудаанд. Ин муассисаҳо Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғл ва муҳоҷират, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Хадамоти давлатии ташхиси тиббии иҷтимоӣ мебошанд.

Дар таҳхона ва ошёнаи чоруми ин бино, ҳамчунин маркази таълимии калонсолон ҷойгир шудааст, ки дорои шароити хуб барои омӯзиши касбу ҳунари гуногун мебошад.

Дар ин марказ бештар мутахассисони коргарии соҳаи сохтмон ва ҳунармандони мардумӣ омода карда мешаванд. Дар ин ҷо шароити зарурӣ барои омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагӣ, ҷӯроббофӣ, тоқидӯзӣ, заргарӣ, ороиши рӯю мӯй барои мардону занон ва ғайра муҳайё гардидааст.

Тавре зикр гардид, танҳо дар 2 соли охир дар ин марказ 6 ҳазор нафар калонсолон соҳиби касбу ҳунар шуда, ҳоло аз нисф зиёди онҳо дар сохтмонҳои сершумори шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят бо кор таъмин гардидаанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки кунун бо муҳайё шудани шароити муосири кору таълим саҳми ин марказ дар омодасозии мутахассисони бомаҳорати коргарӣ боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.

Ин бинои дорои 32 утоқи корӣ бо харҷи зиёда аз 4,2 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ сохта ва муҷаҳҳаз гардидааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520