Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо пирузӣ дар интихоботи шаффофу демократӣ табрику муборакбод намуда, изҳори умеду боварӣ кард, ки дар оянда муносибатҳои бисёрҷонибаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия рушду гусатариш меёбанд ва татбиқи созишномаҳои байнидавлатӣ ба манфиати мардумони ду кишвар хизмат хоҳанд кард.
Владимир Путин зимни гуфтугӯи телефонӣ аз сатҳи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки мардуми Тоҷикистон бо интихоби Эмомалӣ Раҳмон барои ояндаи дурахшону шукуфонии давлати соҳибистиқлоли худ асоси воқеъӣ гузоштанд.
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки ғалабаи комил дар интихобот нишонаи эътимоди қавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои арзандаи ӯ дар рушди мамлакат, аз ҷумла дар бахшҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад.