Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан

04.08.2011 12:00, шаҳри Истаравшан

Аз субҳи имрўз сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан идома ёфт.

Дар шаҳри Истаравшан бо иштироки Сарвари давлат, пеш аз ҳама як коргоҳи нави коркарди меваю сабзавот дар ҷамъияти саҳомии пўшидаи Оби Зулол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Хатти нави технологии корхонаи Оби Зулол, ки бо таҷҳизоти навтарини ҷаҳони имрўза муҷаҳҳаз гаштааст, имкон дорад дар як мавсим 25 ҳазор тонна меваю сабзавотро коркард намуда, аз он афшураҳои хушлаззат истеҳсол намояд. Дар ин коргоҳ тамоми намудҳои меваю сабзавот ва тарбўзу харбўза коркард мешавад.

Дар коргоҳ барои таъмини буғ ва обу ҳавои фишурдашуда, ки барои истеҳсоли афшураҳо зарур аст, дастгоҳҳои ёрирасон васл гардидаанд.

Сифати маҳсулот дар озмоишгоҳи коргоҳ бо дастгоҳҳои электронии ҳозирзамон назорат карда мешавад. ҷойгиркунии маҳсулоти тайёр дар халтаҳои асептикӣ ва зарфҳои махсус гарави нигоҳдорӣ ва истифодаи дарозмуддату безарари он мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки аз ин ва дигар корхонаҳои саноатии коркарди меваю сабзавот ба хориҷи кишвар танҳо маҳсулоти тайёри ниҳоӣ содир карда шавад.

Бо вуҷуди он, ки хатти истеҳсолӣ пурра автоматӣ кор мекунад, танҳо дар коргоҳи нави корхонаи Оби Зулол 40 нафар соҳиби кор шудаанд.

Дар хоҷагиҳои деҳқонии Пошкенти ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри Исфара Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кори зироаткорону боғдорон шинос шуда, бо аҳли заҳмат суҳбатҳои ҷолиб анҷом дод.

Тавре зикр гардид, аз 454 га замини хоҷагӣ 168 гектараш обӣ буда, аҳли заҳмат, ки шумораашон 598 нафар аст, асосан бо боғутокпарварӣ, парвариши картошка, сабзавоту полезӣ ва чорводорӣ машғуланд.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи супоришҳои Сарвари давлат дар 45 га замини обӣ кишти такрорӣ ба роҳ монда, ҳосили фаровон рўёндаанд. Деҳқонони хоҷагӣ умед доранд аз ҳар га замини пиёз 350 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намоянд. Сабзии кишти такрорӣ ва картошка низ ҳосили фаровон дорад. Иттилоъ дода шуд, майдони кишти сабзӣ дар шаҳри Истаравшан, тибқи супориши Сарвари давлат ва бо назардошти афзоиши талабот ба ин намуди сабзавот, ба 450 га расонда шуд.

Дар хоҷагии деҳқонии Вогат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ибратбахши токпарварони он аз наздик шинос шуд.

Аҳли хоҷагӣ дар 200 га замин токзор бунёд намудаанд, ки дар он ангўри навъҳои кишмиши сиёҳ ва сафед, тоифӣ, ҳусайнӣ, чилрўза, тагобӣ ва калондона парвариш меёбад.

Дар майдончаҳои махсуси мавизхушкунии хоҷагӣ ду тарзи хушксозии мавиз бе истифода аз моддаҳои кимиёӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҳама ҷолиб бо хўша якҷоя дар соя овезон карда, хушк кунондани мавиз аст. Тавре иттилоъ дода шуд, дар зарфи 20-25 рўз беҳтарин мавизи бозоргир, ки дар дохил ва хориҷи кишвар харидорони бешумор дорад, омода мегардад.

Тибқи иттилои роҳбарияти хоҷагӣ, имсол аз ин ҷо 350 ҳазор бех қаламчаи ангўр ба фурўш бароварда шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат дод, ки ҳар сол на кам аз 1 миллион қаламча омода созанд ва таъкид дошт, ки ин талабот ба он дар бозор калон аст.

Тавре аз сўҳбатҳо бо Сарвари давлат аён гардид, саҳмдорони хоҷагӣ, ки шумораашон зиёда аз 600 нафар аст, ҳар яке 49 садяк замини обӣ ва ё 51 садяк замини лалмӣ дар ихтиёр доранд ва эҳтиёҷоти рўзгори худро аз ҳамин миқдор замин пурра таъмин менамоянд.

Зироаткорони хоҷагӣ бошанд, истифодаи босамари заминҳои обиро, аз ҷумла тавассути кишти такрорӣ хуб ба роҳ монда, ҳосили фаровони лўбиё, ҷуворимакка, шалғам ва карам рўёндаанд.

Дар хоҷагӣ, ҳамчунин чорводорӣ ба роҳ монда шудааст ва хўроки чорво пурра аз заминҳои худи хоҷагӣ таъмин карда мешавад.

Дар маркази шаҳри Истаравшан бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи иншооти варзишии Далерон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки аз ҷониби ширкати хусусии Дурдона дар майдони 2 га бунёд ёфтааст.

Тавре зикр гардид, ин маҷмаа дар заминаи як бинои вайрону валангор, ки аз солҳои 90 – уми асри гузашта ба ин сў аз истифода бозмонда буд, бунёд ёфта, ба мавзеи ободу зебо ва муҷаҳҳаз бо шароити машқу тамрин барои дўстдорони варзиш ва тарзи ҳаёти солим табдил ёфтааст.

Толори марказии маҷмаа, ки дарозию паҳноияш 42 х 30 м мебошад, бо зиёда аз 1000 ҷойи нишаст барои тамошобинон ҷавобгў ба меъёрҳои хуби байналмилалӣ аст.

Маҷмааи варзишӣ, ҳамчунин дорои корти муосири теннис бо 700 ҷойи нишаст барои тамошобинон, майдончаи футболи наврасон бо 600 ҷойи нишаст ва иншооти фароғатӣ ва ёрирасон мебошад.

Дар навбати дуюми бунёди маҷмаа дар ин ҷо, ҳамчунин толори тамрини муҳорибаҳои тан ба тан бо андозаи 18х30м, толори шиноварӣ бо ҳавзи андозаи 12,5 х 25м ё 30м сохта хоҳад шуд.

Маҷмааи варзишӣ дар маҷмўъ дорои шароити хуби тамрин ва гузаронидани зиёда аз 20 намуди мусобиқаҳои варзишӣ хоҳад шуд.

Ин кор дар партави сиёсати ободкориву созандагии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шўҳрат қутбиддинов анҷом ёфтааст. Бояд хотиррасон намуд, ки Шўҳрат қутбиддинов зимни муулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони кишвар моҳи декабри соли 2010 ваъда дода буд, ки то солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон як маҷмааи бошукўҳи варзишӣ дар шаҳри Истаравшан бунёд менамояд. Имрўз ваъдаи ин соҳибкори баору номус иҷро шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ў барои ин иқдоми наку ва дастгирии сиёсати созандагии роҳбарияти кишвар ва арзи сипос кард.

Ба гуфти худи соҳибкор, ба ин кор онҳоро таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва тарғиби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим водор намуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми заҳматдўсти шаҳри Истаравшан мулоқоти ошкору самимӣ анҷом дода, ба суолу дархостҳои онҳо посух дод.

Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан бахшида ба 20 – умин солгарди базму тараби бошукўҳи идона баргузор гардид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми сершумори ҷамъомада, ки аксаран наврасону ҷавонон буданд, мужда расонд, ки дар зарфи як соли оянда варзишгоҳи марказӣ тармиму навсозӣ шуда, дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520