Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо мардуми шаҳри Истаравшан

04.08.2011 12:00, шаҳри Истаравшан

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Расо баъди як сол, яъне мулоқоти гузаштаи мову шумо, имрўз дар арафаи ҷашни бузурги миллиамон – бистсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мо боз ба дидори шумо омадем. Хеле хушҳолам, ки дар ин муддат шаҳри Истаравшани бостонӣ хеле ободу зебо шудааст ва мардумаш дар қатори тамоми халқи Тоҷикистон бо рўҳияи идона ба истиқболи сазовори ин санаи муборак ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд.

Бо истифода аз фурсат ҳамаи шумо - мардуми ҳимматбаланду меҳмоннавози Истаравшани бостониро ба муносибати фарорасии ҷашни бошукўҳи умумимиллӣ - бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон самимона табрик мегўям.

Истиқлолият дар ҳаёти халқи тоҷик ва таърихи навини тоҷикон бузургтарин дастоварди миллӣ ба ҳисоб рафта, ба шарофати он дар мамлакат фазои комилан нави сиёсиву ҷамъиятӣ, заминаи мусоид барои эҳё ва рушди суннатҳои фарҳанги миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, эҳсоси гарми ифтихор аз давлати соҳибихтиёру сулҳпарвари тоҷикон ба вуҷуд омад.

Дар муддати бист соли соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон раванди босуръати ободониву созандагӣ, бунёди ҷомеаи адолатпарвари шаҳрвандӣ, пешрафти рўзафзуни илму маориф, фарҳангу маънавиёт, болоравии ҳисси ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандориву ватанпарастӣ дар фазои эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ пайгирона амалӣ шуда истодааст.

Маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдат ва оромиву суботи ҷомеа барои кору фаъолияти созандаву бунёдкорона ва зина ба зина беҳтар шудани зиндагии мардуми озодандешу сулҳпарварамон муҳити созгору мусоид эҷод гардид, ки ободии шаҳру деҳот ва маҳаллаву кўчаву хиёбонҳои саросари мамлакат далели равшани он мебошад.

Дар бист соли соҳибистиқлолӣ ҳаҷми умумии сармоягузориҳо ба шаҳри Истаравшан аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо қариб ба 180 миллион сомонӣ расида, ба кор андохтани фондҳои асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 100 миллион сомониро ташкил кардааст.

Истаравшани бостонӣ шаҳри аграриву саноатӣ буда, айни ҳол дар он беш аз 30 корхонаи хурду калони истеҳсолӣ фаъолият дорад ва дар онҳо ҳазорон нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд. Танҳо дар зарфи даҳ соли охир истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ се баробар афзоиш ёфта, аз 32 миллион сомонии соли 2000-ум то 95 миллион сомонӣ дар соли 2010-ум боло рафтааст.

Дар шаҳри Истаравшан ҳафт лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 94 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таҷдиди бахши иҷтимоӣ, рушди устувори деҳот, барқароркунии бахши энергетика, таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе - Чанак, беҳтар кардани вазъи соҳаи тандурустии ҷамоавӣ ва нигоҳдории роҳҳо амалӣ шуда истодаанд.

Илова бар ин, тавассути созишномаҳои нави сармоягузориҳои давлатӣ дар мўҳлатҳои наздик лоиҳаи “Хароҷоти суғуртавии кўмаки иҷтимоӣ” ба маблағи умумии беш аз 5 миллион сомонӣ амалӣ карда мешавад.

Соли 2010-ум қисми даромади буҷети шаҳр аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ нисбат ба соли 2000-ум 22 баробар афзуда, ба 28 миллион сомонӣ расидааст. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ даромадҳои дохилӣ ба андозаи 113 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 16 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда ду миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Корхонаҳои саноатии шаҳри Истаравшан дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 45 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ҳафт миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Мо субҳи имрўз дар маросими ба кор оғоз намудани хатти нави коркард ва истеҳсоли афшураи меваҳо дар корхонаи муштараки “Оби зулол”, ки яке аз корхонаҳои калони замонавии кишварамон мебошад, ширкат доштем. Ифтитоҳи хатти нав ин манбаи нави даромад ба буҷет ва ҷойҳои иловагии корӣ барои сокинони шаҳри Истаравшан мебошад.

Бинокорони шаҳр дар ин давра хеле корҳои бунёдкориву васлгариро иҷро карда, таъмиру азнавсозии биноҳои маъмурии ҳукумати шаҳр, шўъбаи корҳои дохилӣ, прокуратура, қасри фарҳанг, мактабҳои наву синфхонаҳои иловагӣ, толорҳои варзишӣ, пулу роҳҳо, дарвозаи қалъаи Муғтеппа ва дигар иншооти иҷтимоиро ба анҷом расонидаанд. Айни замон тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ҳудуди шаҳру деҳоти Истаравшан сохтмони зиёда аз 35 иншооти таъиноти гуногун идома ёфта, зиёда аз 20 адади онҳо то рўзи ҷашни истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Бояд гуфт, ки нисфи аҳолии Истаравшан ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд. Истеҳсолоти кишоварзӣ дар давраи истиқлолият мунтазам афзоиш ёфта, соли гузашта хоҷагиҳои кишоварзӣ дурнамои истеҳсоли ҳамаи намудҳои маҳсулоти кишоварзиро иҷро намудаанд. Дар натиҷа кишоварзон 35 ҳазор тонна ғалладона, 52 ҳазор тонна сабзавот, 35 ҳазор тонна картошка ва 18 ҳазор тонна ангур ба даст оварда, иҷрои нишондиҳандаҳои истеҳсолиро барзиёд таъмин намудаанд.

Дар раванди таҷдиди корхонаҳои кишоварзӣ 1440 хоҷагиҳои деҳқонӣ, коллективӣ ва инфиродӣ ташкил гардида, ба онҳо зиёда аз 60 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 16 ҳазор гектар замини обӣ вобаста карда шудааст, ки 88 фоизи заминҳои кишоварзии шаҳрро ташкил медиҳад.

ҳаҷми маҷмўи умумии маҳсулоти кишоварзӣ соли 2010 220 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2009 108 фоиз зиёд мебошад.

ҳамзамон бо ин, соли гузашта тибқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон барои 12 ҳазору 400 оилаи эҳтиёҷманд 1243 гектар замин барои бунёди манзил ҷудо карда шуд. Вобаста ба ин масъалаи муҳим соли гузашта таъкид карда будам ва ҳоло бори дигар хотиррасон карданӣ ҳастам, ки роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, дигар сохтору мақомоти дахлдор ва масъулини комиссияҳои ҷамъиятӣ бояд тақсимоти одилонаи заминҳои ҷудогардидаро таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо тамоми тадбирҳои муқаррарнамудаи қонунгузории кишварро истифода намоянд.

ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур, парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010» хоҷагиҳои кишоварзӣ дар чор соли охир 1115 гектар боғу токзори нав бунёд кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба нақша 435 гектар ё 165 фоиз зиёд мебошад.

Худи шумо хуб медонед, ки баъди се-чор сол ин боғҳои навбунёд ба ҳосил даромада, чӣ қадар даромад меоранд ва ҳазорон нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин мекунанд.

Кишоварзони заҳматпешаи Истаравшан то имрўз дар майдони 3500 гектар кишти такрорӣ гузаронида, дурнаморо пурра иҷро намудаанд. ҳамзамон бо ин, барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришаванда ҳашт адад чоҳҳои обкашии нав ба истифода дода, ҳолати истифодабарии 170 гектар заминҳо беҳтар ва 100 гектар заминҳои боир ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудаанд.

Кишоварзону соҳибкорони шаҳр манфиатнокии содироти маҳсулоти соҳаи кишоварзиро хуб эҳсос карда, соли гузашта 50 ҳазор тонна пиёзу сабзавотро ба маблағи даҳҳо миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот карда буданд. Аммо дар ҳоле, ки имсол қариб дар ҳамаи ноҳияҳо аз пиёз ҳосили хуб гирифта шуд, ин нишондиҳанда дар шаҳри Истаравшан ҳамагӣ 30 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Давлату ҳукумати кишвар тайи чанд соли охир ҷиҳати ҳарчи беҳтар таъмин кардани сокинони мамлакат бо маводи озуқа тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст, то ки мардуми мо аз норасоии он танқисӣ накашанд. Дар мулоқоту суханрониҳои худ ҳамеша таъкид менамоям, ки ҳар як оилаи тоҷик бояд захираи дусолаи маводи ғизоиро дошта бошад.

Барои ин мо бояд дар сар то сари мамлакат аз обу замин, хусусан заминҳои обӣ самаранок истифода намуда, ба кишти такрорӣ таваҷҷўҳи ҷиддӣ зоҳир намоем, зеро он омили муҳимтарини афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, фаровонии дастурхони мардум ва пешгирӣ кардани болоравии нархҳо дар бозори истеъмолӣ мебошад.

ҳозирини гиромӣ!

Дар арафаи ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон, ки рўз то рўз наздик шуда истодааст, мову шумо шоҳиди амалу ташаббусҳои шоистаи ободкориву созандагии соҳибкорони ватанӣ шуда истодаем. Ин албатта боиси ифтихору хушҳолист.

Соли гузашта ҳангоми сафари кориам ба шаҳри Истаравшан ба соҳибкорони маҳаллӣ дастур дода будам, ки дар маркази ин шаҳри бостонӣ барои наврасону ҷавонон ва дўстдорони варзиш маҷмааи варзишии замонавӣ бо тамоми шароиту лавозимоти зарурӣ бунёд намоянд.

Зеро бунёди ҳама гуна иншооти варзишӣ ва ҷалби ҷавонон ба онҳо беҳтарин воситаи ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва муҳимтар аз ҳама, гирифтани пеши роҳи кирдорҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон мебошад.

Дар ин замина таъкид кардан бамаврид аст, ки варзиш яке аз воситаҳои беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи ҷаҳон мебошад. Халқи мо ҳанўз аз замонҳои қадим ба варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии инсон майлу рағбати зиёд дошт.

Ниёгонамон барои беҳдошти саломатии худ ва ҳамеша омода будан барои дифои марзу буми аҷдодӣ ба усулҳои гуногуни варзиш таваҷҷўҳи махсус зоҳир мекарданд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ давлат ва ҳукумати кишвар ба соҳаи варзиш чун воситаи муҳими тарбияи насли наврас ва муаррифии миллатамон дар арсаи ҷаҳон аҳамияти зиёд медиҳад.

Маҳз бо дастгирии ҳукумат солҳои охир варзишгарони мо дар мусобиқоту бозиҳои сатҳи байналхалқӣ фаъолона иштирок намуда, шаъну шарафи кишварамонро баланд мебардоранд, ки байнашон зодагони шаҳри Истаравшан низ кам нестанд.

Баъди мулоқоти соли гузашта бо варзишгарони мамлакат соҳибкорони саховатманди ҷамъияти “Дурдона” иқдоми ватандўстона зоҳир намуда, тасмим гирифта буданд, ки ба истиқболи ҷашни истиқлолияти кишварамон иншооти варзишии ҳозиразамонро чун дастовези идона бунёд мекунанд.

Имрўз то назди шумо омадан мо толори варзишии навбунёди “Далерон”-ро, ки мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст, барои баҳрабардорӣ супоридем. Толори мазкур барои нишасти зиёда аз ҳазор нафар тамошобин пешбинӣ гардидааст. Дар баробари ин, дар маркази варзишӣ корти теннис барои 700 нафар тамошобин, майдончаи футболи наврасон бо 600 ҷои нишаст ва дигар иншооти фароғативу ёрирасон сохта шудааст.

Дар маҷмўъ, маҷмааи навбунёди варзишӣ барои машқу тамрин ва баргузории беш аз бист намуди мусобиқаҳои варзишӣ шароит дорад.

ҳамчунин, мувофиқи нақша дар назар аст, ки дар оянда бунёди қисмати ниҳоии лоиҳаи маҷмааи варзишӣ идома ёфта, толорҳои тамрини муҳорибаҳои тан ба тан ва ҳавзи шиноварӣ сохта, барои баҳрабардории наврасону ҷавонони шаҳри зебои Истаравшан тақдим карда мешавад.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи мутахассисону сохтмончиён ва роҳбарони ҷамъияти “Дурдона”, ки бо иқдому ташаббуси шахсӣ ин маҷмааи варзиширо барои наврасону ҷавонони мо дар мўҳлати начандон зиёд бунёд карданд ва барои муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуда, дар ободсозии як гўшаи Ватани азизамон саҳми сазовори худро гузоштаанд, изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям.

Дар баробари ин, ба ҳамаи соҳибкорону тоҷирон ва роҳбарони ширкату муассисаҳои хусусии кишвар, ки ба хотири ободониву шукуфоии сарзамини биҳиштосоямон иншооти таъиноти гуногун ва биноҳои хуштарҳу замонавиро бо меҳри гарми ватандорӣ бунёд менамоянд, ҳазорҳо маротиба аҳсант мегўям ва дар зиндагиву фаъолияти онҳо кушоишу баракат мехоҳам.

ҳукумати кишвар доимо омода аст, ки мақсаду нақшаҳои соҳибкорони ватаниро дар ҳама ҳолатҳо дастгирӣ намояд, зеро онҳо пеш аз ҳама фароҳамоварандаи ҷойҳои нави корӣ, истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниёзи мардум ва воридкунандаи техникаву технологияи навтарин, эъморгари муассисаҳои тандурустӣ, хизматрасонӣ, мактабу синфхонаҳои иловагӣ буда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва мустаҳкам гардидани иқтидори иқтисодиву иҷтимоии кишвар садоқатмандона заҳмат мекашанд, манзалату тавоноии мамлакатамонро афзун ва ба ҷаҳониён муррифӣ месозанд.

Дўстони азиз!

Мардуми сарбаланду меҳмоннавози шаҳри Истаравшан дар тўли асрҳои зиёд беҳтарин намунаҳои ҳунарҳои аҷдодамон, аз қабили кандакориву наҷҷорӣ, кордсозиву мисгарӣ, оҳангариву сангтарошӣ, қаннодиву нонвоӣ ва бисёр дигар ҳунарҳои зеборо то замони мо нигоҳ доштаанд.

ҳамзамон бо ин, бояд зикр намоям, ки мардуми сарбаланди Истаравшани бостонӣ бо хислатҳои неки ҳунармандиву меҳнатдўстӣ, рўҳияи олии ватандўстиву ватанпарастӣ ва меҳмоннавозиву эҳтиром ба анъанаҳои гузаштаву имрўзаи миллат маъруфанд.

Итминони комил дорам, ки хурду бузурги шаҳри Истаравшан ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллиамон – бистсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз ва ободиву шукуфоии минбаъдаи Ватан ғайрату ҳиммат ва саъю талоши худро дареғ намедоранд.

ҳоло, ки ҳамаи мову шумо дар остонаи таҷлили ин ҷашни муқаддас қарор дорем, ба ҳамаи мардуми заҳматпешаи шаҳри бостонии Истаравшан, ки бо азму иродаи мустаҳками худ дар созандагиву ободонӣ ва пойдории кишвари азизамон саҳми сазовори худро мегузоранд, хонаи обод, файзу баракати рўзгор ва барори кор орзу менамоям.

Ҳамеша саодатманду пирўз бошед, ҳамдиёрони азиз!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520