Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар вохўрӣ бо сокинони ноҳияи Мўъминобод

08.08.2011 17:00, ноҳияи Мӯъминобод

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрўзҳо мову шумо дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ - бистсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем, ки ба шарофати он ҳоло мардуми мо дар шароити сулҳу суботи комил ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат ва осудагии ҷомеа заҳмат мекашанд.

Бо истифода аз фурсат ҳамаи шумо - сокинони меҳмоннавозу заҳматдўсти ноҳияи Мўъминободро ба ифтихори ин санаи сарнавиштсоз табрик гуфта, бароятон рўзгори орому осуда, хонаи обод, дастурхони пурфайз ва иқболи неку сарбаландӣ орзу менамоям.

Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузурги халқи куҳанбунёду фарҳангии мо буда, ба ҳар яки мо бисёр азизу муқаддас аст, зеро ин рўйдоди таърихӣ имкон фароҳам овард, ки мо – тоҷикон баъди ҳазор соли бедавлатӣ соҳиби давлати миллии худ шавем ва тақдири Ватану сарзамини азизамонро ба дасти худамон гирем.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо барои ҳифзу нигаҳдории он ва таҳкими дастовардҳои ин рўйдоди бузурги таърихӣ бо камоли масъулият ва ҳисси баланди ватандорӣ кору пайкор мекунем.

Ин ҷашни фархунда нангу номуси ватандории тамоми мардуми кишвар ва ҳар як фарди худшиносу худогоҳро тақвият бахшида, онҳоро барои ноил шудан ба дастовардҳои нави меҳнатӣ ҳидоят менамояд. Ва чунон ки имрўзҳо мебинем, сокинони тамоми гўшаву канори мамлакат азму талош доранд, ки ин санаи муборакро бо дастовезҳои шоиставу арзанда истиқбол намоянд.

Заҳматкашони ноҳияи Мўъминобод дар қатори тамоми мардуми Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар муддати бист соли соҳибистиқлолӣ ба натиҷаҳои хеле назаррас ноил шудаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳанўз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ то имрўз барои таъмини пешрафти ноҳияҳои дурдасти кўҳистон, аз ҷумла ноҳияи Мўъминобод андешидани чораҳои заруриро сол то сол вусъат дода истодааст.

Масалан, танҳо дар давоми солҳои 2001-2011, яъне дар даҳ соли охир аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои тараққиёти ноҳияи Мўъминобод қариб 120 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки он барои ҳалли масъалаву проблемаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сохтмони иншооти таъиноти гуногун, роҳҳо ва дастгирии буҷети ноҳия равона карда шудааст.

Бо истифода аз ин маблағҳо дар ноҳия то имрўз қариб 200 иншоот бунёд ва таъмиру таҷдид гардида, сохтмони боз 17 иншооти дигар идома дорад.
Ҳамзамон бо ин, мувофиқи созишномаҳои нави сармоягузории давлатӣ дар ноҳияи Мўъминобод лоиҳаи беҳсозии обтаъминкунии аҳолӣ ба маблағи беш аз 10 миллион сомонӣ тасдиқ шуда, татбиқи он вақтҳои наздик оғоз мегардад.

Давлат ва ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи рушди маънавии насли наврас, пешрафти илму маориф, ҳалли масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кўдакону наврасон ва муҳайё намудани шароити мусоид барои саводу донишомўзии онҳо пайваста ғамхорӣ мекунад.

Бо ин мақсад, дар ноҳияи Мўъминобод дар давраи истиқлолият илова ба бунёди бинои нави шўъбаи маориф 14 мактаби нав ва даҳҳо синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода, 16 мактаб аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.

Ҳозирини мўҳтарам!

Болоравии нархҳои ҷаҳонии маводи озуқа, бахусус ғалла ва орд, ки бар асари он ҳоло даҳҳо миллион нафарро дар мамлакатҳои дунё хатари гуруснагӣ ва камбудии шадиди маҳсулоти озуқаворӣ таҳдид дорад, мову шуморо вазифадор месозад, ки ислоҳоти соҳаи кишоварзиро рўз то рўз густариш бахшем, аз сарватҳои худодод, яъне оби фаровон, замини ҳосилхез ва ҳавои мусоид ҳарчи пурраву самаранок истифода барем ва бозори истеъмолии мамлакатамонро бо молу маводи худӣ таъмин намоем.

Аз ин лиҳоз, як масъаларо, ки борҳо таъкид кардаам, имрўз дар ҳузури шумо бори дигар таъкид менамоям, ки мо амнияти озуқавории мамлакатро танҳо дар сурате таъмин карда метавонем, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро торафт зиёд намуда, ба он муваффақ шавем, ки вобастагии аҳолии кишварро аз маводи ғизоии воридотӣ ҳарчи камтар созем.

Бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна, хусусан дар ноҳияҳои дурдасти кўҳистон ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти худӣ солҳои охир бо супориши ҳукумат қарздиҳии хурд босуръат афзоиш ёфта истодааст.

Масалан, танҳо дар соли 2010 бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ дар ноҳияи Мўъминобод беш аз 6 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2005 қариб 3 баробар зиёд мебошад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ноҳия ба масъалаи тараққӣ додани соҳаи боғу токпарварӣ ва иҷрои қарори ҳукумати Тоҷикистон дар бораи «Барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур ва парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаву ҳамешасабз дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010» диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Бо мақсади иҷрои барнома кишоварзони ноҳия то имрўз 293 гектар боғ ва 12 гектар токзори нав ташкил карданд. Умуман, майдони боғу токзорҳо аз 2250 гектари соли 2002 ба 3010 гектар дар соли 2010 расонида шудааст.

Ҳоло дар ноҳия 4 парваришгоҳ мавҷуд аст, ки дар онҳо ниҳолҳои ба иқлими ноҳия мутобиқ парвариш карда мешаванд.

Мо хуб медонем, ки мардуми ноҳияи Мўъминобод дар кишварамон бештар бо маҳорат ва таҷрибаи боғу токпарварӣ шўҳрат ёфтаанд ва дар давраҳои гузашта онҳо соле то 5 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ мекарданд.

Чанд лаҳза пеш мо шоҳиди он гардидем, ки бо иқдоми неки соҳибкорони саховатманди ноҳия барои нигоҳ доштани 1000 тонна меваю ангури тару тоза сардхонаи замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҳоло кишоварзону соҳибкорон имконият доранд, ки барои беталаф нигоҳ доштани ҳосили парваришкардаи худ аз ин сардхона истифода баранд.
ҳадафи сиёсати давлат дар бобати ба ихтиёри соҳибони аслӣ, яъне деҳқонони асилу пуртаҷриба додани замин, пеш аз ҳама, ташкили истифодаи оқилонаву самаранок ва баланд бардоштани ҳосилнокии он мебошад.

Мо ҳоло дар заминаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ба ташаккули муносибатҳои бозаргонӣ ва тафаккури нави моликиятдорӣ роҳи васеъ кушода, барои рушди бахши хусусии кишоварзӣ ҳамаи заминаҳои ҳуқуқиро фароҳам овардаем.

Имрўз шароити иқтисоди бозорӣ мову шуморо водор менамояд, ки ба омўзиши талаботи бозори чи дохилӣ ва чи хориҷӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, барои ҳалли мушкилоти мавҷуда роҳу усулҳои эҷодкорона ва замонавиро истифода намоем.

Дар ноҳияи Мўъминобод, ки барои зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур имконияти васеъ дорад, ба роҳ мондани коркарди саноатии он низ аз ҷумлаи корҳои пурманфиат ва даромаднок аст.

Масъалаи дигаре, ки барои таъмини талаботи мардум аҳамияти калон дорад, истеҳсоли картошкаи ватанӣ мебошад.

Бояд хотиррасон намуд, ки мардуми заҳматкаши ноҳияи Мўъминобод дар замонҳои гузашта бо таҷрибаи зиёди худ дар парвариши картошка низ шўҳрат доштанд ва дар ҳудуди ноҳия картошкаи баландсифат истеҳсол карда мешуд.

Дуруст аст, ки солҳои охир дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ майдони кишти картошка се баробар афзуда, аз 307 гектари соли 2002 имрўз ба 900 гектар расонида шудааст.

Вале ин нишондиҳанда нисбат ба шароиту имкониятҳои мавҷудаи ноҳия ҳанўз ҳам кам аст.

Инчунин минбаъд низ тараққӣ додани соҳаи занбўрпарварӣ ва истеҳсоли асали хушсифат яке аз роҳҳои муҳимтарини ба даст овардани даромади хуб ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардуми ноҳияи Мўъминобод мебошад.

Парандапарварӣ низ яке аз соҳаҳои сердаромади ноҳия мебошад. Фабрикаи парандапарварии ноҳия, ки солҳои дароз аз фаъолият бозмонда буд, ҳоло аз нав ба кор оғоз кардааст, ки имрўз мо бо кору фаъолияти он шинос шудем.

Умуман, барои тараққӣ додани соҳаи кишоварзӣ, боз ҳам афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, ташкили коркарди он ва бо ҳамин роҳ муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ дар ноҳияи Мўъминобод захираву имкониятҳои истифоданашуда ҳанўз зиёданд.

Аз ин рў, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, инчунин Иттифоқи «Тоҷикматлубот», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки доир ба рушди минбаъдаи соҳаи меваю ангурпарварӣ, картошкапарварӣ, захира кардан ва дар фасли зимистон ба дигар минтақаҳои кишвар интиқол додани он мунтазам чораҷўӣ намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Чор сол мешавад, ки аҳолии мамлакат ҷашну маросимҳои худро дар доираи муқаррароти қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида, аксари мутлақи онҳо манфиати ин иқдомро дар буҷети оилаи худ дида истодаанд.

Мувофиқи таҳлилҳо қонуни танзим имкон дод, ки мардум миллиардҳо сомонӣ маблағи худро сарфа карда, онро барои таълиму тарбияи фарзандон, беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва табобату истироҳати худ харҷ намоянд.

Ҳоло худатон фикр кунед, ки агар мо ин ташаббусро дар вақташ амалӣ намекардем, имрўз, яъне дар шароити бўҳрони фарогири молиявию иқтисодӣ зиндагии ҳар як оила чандин баробар вазнинтар мешуд.

Аз ин лиҳоз, ҳамаи шумо ҳозирини мўҳтарам ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бори дигар ба риояи ҳатмӣ ва бечунучарои талаботи қонуни мазкур даъват менамоям.

Ҳаёт тақозо дорад, ки мо бояд дар ҳама бобат сарфаю сариштакор бошем. Зеро сарфаҷўӣ имрўз ба як масъалаи муҳими ҳаёти башарият ва ҳатто кишварҳои бисёр пешрафтаву сарватманд табдил ёфтааст.

Шумо метавонед ба ҷои хароҷоти зиёдатӣ дар тўю маъракаҳо ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар шахсони эҳтиёҷманд кўмак расонед, дар ободии кўчаву маҳалли зисти худ ё таъмири мактабе, ки фарзандонатон дар он мехонанд, саҳм гузоред.

Итминон дорам, ки мардуми бофарҳанг ва бонангу номуси ноҳияи Мўъминобод ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва бо ифтихор аз суннату арзишҳои миллии тоҷикон дар оянда низ тамоми кўшишу ғайрати худро ба ободии сарзамини аҷдодӣ, оромии ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, пешрафти давлати соҳибистиқлоли худ ва мустаҳкам намудани иқтидори иқтисодии он равона месозанд.

Бо ҳамин орзуҳои нек бори дигар ҳамаи шумо ва кулли мардуми боғурур ва ватандўсту ватанпарасти ноҳияи Мўъминободро ба ифтихори ҷашни муборак ва муқаддаси 20 - умин солгарди истиқлолияти Ватани азизамон табрик гуфта, бароятон саломатӣ, ободии хонадон ва хушбахтиву барори кор орзу менамоям.

Саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520