Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноҳияи Муъминобод дар пайи боздиди Сарвари давлат хеле обод хоҳад шуд

08.08.2011 17:30, ноҳияи Мӯъминобод

Ноҳияи Муъминобод дар пайи боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хеле обод хоҳад шуд.

Тибқи супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод корҳои зерин анҷом дода мешаванд:

- Дар давоми ду соли оянда норасоии оби ошомиданӣ дар ноҳия бартараф мегардад;

- То Наврўзи соли 2012 обкашҳои барқии оби кишоварзӣ барқарор мешаванд;

- Майдони кишти картошка дар соли 2012 ду баробар афзун мегардад;

- Соли 2012 барои навсозии шифохонаи вилоятии бемориҳои сил дар ноҳияи Муъминобод, ки 40 сол боз рўйи тармимро надидааст ва бинои истиқоматии дорои 40 хона барои табибони ин шифохона, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои зарурӣ ҷудо мегардад;

- Роҳҳои дохилии маркази ноҳия тармиму навсозӣ мешаванд;

- Барои ба 150 ҳазор расондани саршумори мурғи гўштӣ дар корхонаи парандапарварии ноҳияи Муъминобод ба он 3 миллион сомонӣ қарзи дарозмуддати имтиёзии давлатӣ ҷудо мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520