Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо аҳолии ноҳияи Ховалинг

09.08.2011 11:00, ноҳияи Ховалинг

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Аввалан ҳамаи шумо - сокинони бонангу номус ва фарҳангдўсти диёри куҳанбунёди Ховалингро ба ифтихори ҷашни бистсолагии истиқлолияти Ватани азизамон табрик гуфта, бароятон тани сиҳату умри дароз ва файзу баракати зиндагӣ орзу менамоям.

Шумо хуб медонед, ки мо бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо вазъи зиндагии мардум, раванди корҳои ободониву созандагӣ, вазъи кор дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва корхонаҳои саноатӣ, шиносоӣ бо ҷараёни таълиму тарбия ва муайян кардани вазифаҳо барои оянда мунтазам ба шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат сафари корӣ анҷом медиҳем.

Ва имрўз бо ҳамин ният ба дидорбинии шумо омадем ва бисёр хушҳолем, ки мулоқоту дидори имрўзаи мо ба рўзҳои наздикшавии ҷашни бистсолагии озодиву соҳибихтиёрии Тоҷикистони азизамон баробар омад.

Ноҳияи Ховалинг дар даврони истиқлолияти давлатӣ хеле рушду тараққӣ карда, дар ҳамаи самтҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Ҳанўз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ давлат ва ҳукумати кишвар барои таъмини пешрафти ноҳия ва ҳаллу фасли мушкилоту проблемаҳои он ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид.

Аз ҷумла, дар давоми солҳои 1991-2011 барои сохтмони асосии ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои буҷетӣ 28 миллион сомонӣ равона шуда, корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 26 миллион сомонӣ иҷро гардидаанд.

Имрўз дар ноҳия 6 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 3 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст, ки онҳо барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ислоҳоти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ равона гардидаанд.

Дар давоми солҳои истиқлолият фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳия дар бобати зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот мунтазам беҳтар гардида, соли 2010 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 31 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2005 17 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Агар шумораи сеху корхонаҳои саноатӣ дар соли 2000 –ум 3 адад бошад, ҳоло теъдоди онҳо ба 8 адад расидааст.

Айни ҳол 6 корхонаи саноатии ноҳия дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо беш аз 800 нафар мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ фаъолият мекунанд.

Асоси соҳаро корхонаҳои махсуси давлатии «Тиллои тоҷик», коргоҳҳои заршўии «Одина» ва «Артели Помир» ташкил медиҳанд, ки бо истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо машғул мебошанд.

Сол то сол афзоиш ёфтани талабот ба ин намуди маҳсулот ва инчунин торафт зиёд гардидани нархи тилло дар бозорҳои ҷаҳонӣ роҳбарону масъулони соҳа ва мутахассисонро водор месозад, ки ба масъалаи афзун намудани истеҳсоли ин маҳсулоти бозоргир таваҷҷўҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки зиёда аз 60 фоизи даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби пардохти андозҳо аз корхонаҳои мазкур пурра карда мешавад.
Дар ин давра дар ноҳияи Ховалинг се нерўгоҳи хурди барқи обӣ сохта, ба истифода дода шуд. Инчунин зиёда аз 24 километр роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.

Ба ғайр аз ин, доир ба мустаҳкам кардани соҳилҳо хеле корҳо ба иҷро расонида шудаанд.

Ҳозирини мўҳтарам!

Дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг барои тараққӣ додани бахшҳои гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорӣ, боғу токпарварӣ, кишти картошкаву занбўриасалпарварӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё мебошад.

Боиси ёдоварист, ки солҳои 80 – уми асри гузашта ноҳияи Ховалинг дар соҳаи чорводорӣ машҳур буд. Дар хоҷагиҳои чорводории он зиёда аз 14 ҳазор сар чорвои калон парвариш ёфта, ҳазорҳо тонна гўшт истеҳсол карда мешуд.

Аз ин лиҳоз, ба роҳбарону мутахассисони ноҳия зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мусоиди ноҳия доир ба ин масъала чораҷўӣ намоянд.

ҷиҳати амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010-2014” дар ноҳияи Ховалинг 450 гектар боғҳои нав бунёд гардида, даҳҳо чоҳи амудӣ ва насосҳои обкашӣ аз таъмир бароварда шуданд, ки дар натиҷа зиёда аз 400 гектар заминҳои кишт бо об таъмин гардидаанд.

Натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони ноҳияи Ховалинг дар даврони соҳибистиқлолӣ буд, ки имрўз кишти картошкаю сабзавот аз 316 гектари соли 2005 ба 680 гектар ва зироатҳои техникӣ ба 7 ҳазор гектар расонида шудааст.

ҳамчунин дар мавсими ниҳолшинонии соли ҷорӣ зиёда аз 90 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳанда ва сояафкану ороишӣ шинонида шуда, майдони умумии боғҳо ба 2200 гектар расонида шуд, ки нисбат ба соли 2005-ум 760 гектар зиёд мебошад.

Дар ин давра истеҳсоли ғалладонагиҳо 5 баробар, сабзавот 40 фоиз, картошка 3 ва мева 4 баробар афзоиш ёфтааст.

Бо вуҷуди ин, дар ноҳия барои ташкили боғу токзорҳои нав ва афзоиши истеҳсоли меваю ангур, картошкапарварӣ ва ба роҳ мондани коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ имкониятҳои васеъ мавҷуданд.

Вобаста ба ин таъкид карданӣ ҳастам, ки бо дарназардошти сол то сол зиёд шудани нархҳои маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ, гармшавии иқлими сайёра, инчунин баланд шудани нархи маводи сўзишворӣ бояд ҳар ваҷаб замини кишоварзии ноҳия оқилона ва самарабахш истифода бурда шавад.

Инчунин соҳибкорону кишоварзон дар навбати аввал ба масъалаи баланд бардоштани ҳосилнокии замин, бахусус заминҳои обӣ ва рўёнидани маҳсулоти аз ҷиҳати иқтисодӣ бештар фоидаовар ва кишти такрорӣ таваҷҷўҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Ҳамчунин дар ноҳияи Ховалинг тараққӣ додани бахши хоҷагии ҷангал ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти он, аз ҷумла гиёҳҳои шифобахш манбаи хуби даромад мебошад.

Дўстони азиз!

Бо дастгирии ҳукумати мамлакат дар доираи татбиқи лоиҳаҳои бахши иҷтимоӣ то имрўз дар ноҳияи Ховалинг 16 муассисаи нави таълимӣ бунёд ё аз таъмири асосӣ бароварда, бо лавозимоти хониш пурра таъмин карда шудаанд.

Ҳамчунин сохтмони иншооти тиббӣ, таъминоти онҳо бо таҷҳизоти барқдиҳанда ва нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба анҷом расонида шудааст.

Дар солҳои таҳсили 2001 – 2011 аз ноҳияи Ховалинг тибқи квотаи Президентӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 152 нафар, аз ҷумла 109 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки як қисми онҳо баъди хатми мактаби олӣ ба зодгоҳашон баргашта, имрўз дар ташкилоту муассисаҳои гуногуни ноҳия кору фаъолият доранд.

Дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг 55 ёдгории таърихиву фарҳангӣ, аз ҷумла зиёратгоҳи маъруфи ҳазрати Султон Увайси қаранӣ, Боғ – осорхонаи таърихи шўриши Восеъ, шаҳри Мунки қадим, бошишгоҳи одамони асри санг дар мавзеъҳои Хонақои Севодара, Кўлдара, Маъбади Буддои Чепол ва Сангтўда мавҷуд мебошанд, ки онҳо нишондиҳандаи таърихи қадимтарини халқи тоҷик ва арзишҳои нодир ба ҳисоб мераванд.

Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки обод нигоҳ доштани онҳо, ҷалби сайёҳон ва ташкили инфраструктураи муосир барои рушди сайёҳӣ яке аз роҳҳои ба ҷойи корӣ таъмин гардидани сокинони ноҳия, инчунин манбаи даромади хуб мебошад.

Бо дастгирии ҳукумати мамлакат соли 2007 мазори ҳазрати Султон ва Боғ – осорхонаи таърихи шўриши Восеъ барқарор гардида, таъмиру тармим шуданд ва айни замон ба зиёратгоҳи мардуми кишвар ва меҳмонону сайёҳони хориҷӣ табдил ёфтаанд.

Мо бояд онҳоро эҳтиёт кунем ва дар баробари ин, ҳаргиз фаромўш насозем, ки гузаштагонамон ба мо ёдгориҳои гаронбаҳои меъмориву таърихӣ, илмиву адабӣ ва фар?ангиро ба мерос гузошта, ҳамеша ба ваҳдату ягонагӣ, ободкориву созандагӣ, донишандўзӣ ва риояи одобу ахлоқи ҳамида талқин кардаанд.

Вазифаи аввалиндараҷаи мо дар баробари таҳкими истиқлолияти давлат, таъмини зиндагии осудаи мардум ва рушду ободии Ватани азиз, инчунин ба ояндагон бо таровату мўҳтавои тозаи маънавӣ боқӣ гузоштани дастоварду арзишҳои волои милливу фарҳангӣ мебошад.

Итминони комил дорам, ки сокинони заҳматқарину ҳимматбаланд ва фарҳандўсту адабпарвари ноҳияи Ховалинг минбаъд низ дар раванди сиёсати созанда ва бунёдкоронаи давлат ва ҳукумати кишвар бо нерўи тозаву рўҳи болида ва ғайрати дучанд ширкат варзида, барои истиқболи сазовори ҷашни истиқлолияти давлатиамон саҳми арзандаи худро дареғ намедоранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ҷашни фархундаи бистсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубро ба ҳамаи шумо -сокинони бонангу номус ва ҳимматбаланду меҳмоннавози ноҳияи зебоманзару куҳанбунёди Ховалинг табрик гуфта, бароятон тансиҳатӣ, хонаи обод ва хушбахтии ҳамешагиро орзу менамоям.

Ҷашни истиқлолу озодӣ муборак бошад!
Доимо саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520