Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Хоруғ

15.08.2011 15:00, шаҳри Хоруғ

Аз ноҳияи Ванҷ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғ ташриф овард. Маросими истиқбол дар фурўдгоҳи шаҳри Хоруғ як тантанаи бошукўҳи идонаи бахшида ба солгарди 20 – уми истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро мемонд.

Дар шаҳри Хоруғ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои сеошёнаи мактаби президентӣ, ки барои 1280 нафар хонандагони хушлаёқат дар 2 баст пешбинӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гириф.

Хушҳолии аҳли маориф ва хонандагони шаҳри Хоруғроро аз ин тўҳфаи пурарзиши Президенти кишвар ҳадду канор набуд, зеро ин мактаб натанҳо дар тамоми вилоят беназир аст.

Тавре зикр гардид, мактаби президентии шаҳри Хоруғ дар зарфи 4 соли охир бо харҷи беш аз 31 миллион сомонӣ маблағҳои мутамаркази ҷудокардаи ҳукумати кишвар бунёд ёфтааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълимӣ ва зисти гимназия-интернати президентии шаҳри Хоруғ, аз ҷумла зикр гардид, ки он аз 6 қисми алоҳида иборат буда, дар ҳар яки он хонандагони зинаҳои гуногуни таҳсилот алоҳида таълим мегиранд. ҳар як қисм вобаста ба заруриёти хонандагони синну соли гуногун дорои шароити аз ҳамдигар фарқкунандаи таълим, корҳои беруназсинфӣ ва истироҳат мебошад. Аз ҷумла, дар бинои хонандагони синфҳои ибтидоӣ синфхонаҳо барои таълим, толори алоҳида барои бозиҳои серҳаракат, утоқи компютерӣ ва ғайра мавҷуд аст.

Бинои хонандагони синфҳои болоӣ дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, 4 синфхонаи компютерӣ, 1-тогӣ озмоишгоҳҳои кимиё, биология ва физика, 2 синфхонаи лингафонӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ, синфхонаҳои махсуси ҳунаромўзӣ барои духтарон ва писарон, аз ҷумла бо шароит барои коркарди чўб ва металл мебошад.

Макатаби президентӣ, ҳамчунин дорои китобхона бо шумораи зиёди китобҳои гуногун ва қироатхонаи барҳаво ва бунгоҳи хуби тиббӣ аст.
Ошхонаи замонавии мактаб, ки дар таҳхона ҷойгир шудааст, низ дорои шароити хуби замонавӣ аст.

Толори маҷлисии мактаби президентӣ бо 364 ҷойи нишаст натанҳо барои маҷлис, балки барои ташкил ва гузарондани маҳфилу чорабиниҳои бошукўҳи фарҳангӣ пешбинӣ шудааст.

Толори варзишии мактаб бо андозаи 12 ба 24 метр дорои шароити зарурӣ барои гузарондани чанд намуд бозиҳои варзишӣ мебошад.

Мактаб, ҳамчунин дорои хобгоҳ барои хонандагони роҳдурӣ бо 408 ҷойи хоб ва тамоми шароити зарурии зист, дарстайёркунӣ ва истироҳату фароғат мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки дар назди мактаб дар мўҳлати кўтоҳ як бинои истиқоматӣ бо 20 хона барои омўзгорон бунёд намоянд.

ҳамчунин дастур дода шуд, ки хонандагони хушлаёқат барои таълим дар ин мактаб аз тамоми қаламрави вилоят гулчин карда шаванд. Тибқи супориши Сарвари давлат, омўзгорон ба ин мактаб тариқи озмун қабул карда мешаванд, то ки дар ин ҷо беҳтаринҳо ба кор ҷалб шаванд.

Дар ҳудуди мактаб, ки дар масоҳати 20 ҳазору 460 метри мураббаъ ҷойгир шудааст, иморатҳои ёрирасон, аз қабили анбори хоҷагидорӣ, зеристгоҳи трансформаторӣ, 2 чоҳи обкашӣ бо обкашҳои барқӣ, манора барои захираи об ва варзишгоҳи васеъу муҷаҳҳаз бо майдончаҳо барои бозиҳои волейбол, баскетбол ва ғайра сохта шудааст.

Дар саҳни мактаб, ҳамчунин 2 майдончаи истироҳатӣ аст, яке барои синфҳои поёнӣ ба шароити бозию дилхушӣ ва дуввумӣ барои синфҳои болоӣ пешбинӣ шудааст.

Дар боғи болопўшидаи зимистонаи мактаб хонандагон дар фасли сармо низ метавонанд аз таровати гулу буттаҳо ва дарахтони нодир баҳравар бошанд, нафаси тоза бигиранд ва ҳам дасрҳои ботаникаю биологияи худро бо аёният ба роҳ монанд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ғамхории рўзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф ва таълиму тарбияи босифати насли наврас дар ҳамаи гўшаю канори кишвар ёдовар шуда, аз ҷумла зикр намуд, ки барои баланд бардоштани сифати таълими фанҳои дақиқу табиатшиносӣ сол то сол шумораи синфхона ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази фаннӣ рў ба афзоиш дорад. Таъкид гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ки дуртарин манотиқи кишвар ба шумор мераванд, шумораи синфхонаҳои муҷаҳҳази фанҳои дақиқ аз 348 адади соли 2009 дар соли 2011 ба 585 адад расонда шуд. “51 синфхонаю озмоишгоҳи дигари муҷаҳҳаз барои фанҳои дақиқ дар вилоят то оғози соли нави таҳсил ба истифода супурда мешавад”, - мужда расонд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.
 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520