Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Президенти Академияи
илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Раҳимов Ф.Қ.


Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Раҳимов Фарҳод Қодирович Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.


Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе
6 декабри соли 2013
№92

 

РАҲИМОВ ФАРҲОД ҚОДИРОВИЧ
Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон


Раҳимов Фарҳод Қодирович 19 сентябри соли 1968 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1992 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси физик, физик - омӯзгор бо дипломи аъло хатм кардааст. Доктори илмҳои физика ва математика, профессор мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун лаборанти калони кафедраи физикаи умумӣ шурӯъ намуда, сипас дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба омӯзиш ва таҳқиқи ҳодисаҳои дохилиядроӣ, ки ба ҳаракати спинии электронҳо алоқамандӣ дошт, машғул гардида, соли 1995 рисолаи илмиашро пеш аз мӯҳлат дифоъ намудааст.

Аз соли 1995 то соли 2000 ба ҳайси муаллими калони кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва докторанти ҳамин Донишгоҳ фаъолият намуда, таҳқиқоти илмиашро дар Пажӯҳишгоҳи мутаҳидаи таҳқиқоти ядроии шаҳри Дубнаи Федератсияи Россия идома дода, рисолаи докториро дифоъ ва унвони илмии доктори илмҳои физика ва математикаро соҳиб гардидааст.

Солҳои 2001-2005 ҳамчун сардори раёсати ҳамоҳангсозӣ ва ояндабинии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2005-2006 дар мансаби муовини Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз декабри соли 2006 то ба имрӯз муовини аввали Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Муаллифи 4 монография, 8 китоби дарсӣ, 4 дастури методӣ ва зиёда аз 95 мақолаи илмӣ мебошад.

Барои хизматҳои шоён дар соҳаи илм бо ҷоизаи давлатӣ ба номи Исмоили Сомонӣ ва ордени Шараф дараҷаи 2 сарфароз гардидааст.

Соли 2012 аз рӯи натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ ва саҳми онҳо дар рушди илми ҷаҳонӣ барандаи ҷоизаи байналмилалии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО) дар соҳаи «Илм ва технология» гардид.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 декабри соли 2013 Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520