Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи Президенти Академияи
илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
таъин намудани Изатулло Сатторӣ


Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Изатулло Сатторӣ Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
6 декабри соли 2013
№94

 

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ
Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон


Иззатулло Сатторӣ 24 декабри соли 1957 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1978 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси духтури тибби ветеринарӣ хатм кардааст. Доктори илмҳои ветеринарӣ, профессор, академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1978 ба ҳайси ассистенти кафедраи зоогигиена ва асосҳои ветеринарии факултаи ветеринарии Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон оғоз намуда, минбаъд ҳамчун аспиранти Институти ветеринарии шаҳри Москва, корманди хурди илмӣ, корманди калони илмӣ, корманди пешбари илмӣ ва мудири лабораторияи вирусологияи Институти ветеринарии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 1994-2005 Директори Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз соли 2005 то ба имрӯз дар мансаби ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур фаъолият дорад.

Барои хизматҳои шоён бо ордени Шараф сарфароз гардидааст.

Муаллифи зиёда аз 210 асарҳои илмӣ ва 18 ихтироот мебошад.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 декабри соли 2013 Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520