Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 6 декабри cоли 2013 № 584
ш. Душанбе

Дар бораи Раиси Кумитаи забон
 ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Шарофзода Гавҳар


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шарофзода Гавҳар Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.


Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ШАРОФЗОДА ГАВҲАР
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


ШАРОФЗОДА Гавҳар 23 марти соли 1966 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1990 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгор хатм кардааст. Доктори илмҳои филологӣ, дотсент.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1983 ба сифати роҳбари кружок, муаллими мактаби миёнаи №7 оғоз намуда, сипас то соли 1985 дар вазифаи муаллими мактаби миёнаи №1 ноҳияи Панҷ кор кардааст.

Солҳои 1990-2002 дар вазифаҳои лаборанти калони кафедраи адабиёти тоҷик, ассистенти кафедраҳои забон ва адабиёти тоҷик, мудири аспирантура, муовини мудири шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2002-2010 ба ҳайси сарэксперти Идораи аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ, мудири шуъбаи забони Вазорати маориф, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, муовини ректор оид ба корҳои ташкилию тарбиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Аз марти соли 2010 дар вазифаи Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2013 Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520