Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сўҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

31.08.2011 14:00

Миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев сўҳбати телефонӣ баргузор шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев ҳамдигарро бо фарорасии иди саиди Фитр табрику таҳният гуфта, доир ба ҷанбаҳои гуногуни муносиботи дўстӣ ва ҳамкории босамари Тоҷикистону Озарбойҷон гуфтугў намуданд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқӣ, ки миёни ду давлати дўст дар сатҳи олии сиёсӣ ва дигар сатҳу зинаҳо ба имзо расидаанд, зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳарду ҷониб барои татбиқи амалии ин санадҳо ва истифодаи пурсамар аз имкону захираҳои фаровони ҳамкории мутақобилан судманд бояд ҷаҳд намоянд.

Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба масоили минтақавию байналмилалӣ ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷўҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520