Бегоҳии имрўз дар боғи Ирами пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои Амфитеатри нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, ин иншооти муҳташами фарҳангиро ифтитоҳ намуд ва онро туҳфаи арзанда ба сокинону меҳмонони пойтахт ба истиқболи ҷашни пурифтихори 20 – солагии истиқлоли Тоҷикистони азиз арзёбӣ намуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, амфитеатри боғи Ирами пойтахт дар зарфи 8 моҳ бо харҷи 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ дар майдони 1424 м2 бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии Роҳани оҳани Тоҷикистон бунёд ёфта, дорои ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон аст.
Дар бунёди ин иншооти идона беш аз сад нафар бинокорони ватанӣ соҳиби ҷойи ко рва маоши хуб буданд.
Шароити хуби дар амфитеатр муҳайё гардида, барои гузарондани чорабиниҳои гуногуни фарҳангию оммавӣ пешбинӣ шудааст.
Ба муносибати ифтитоҳи амфитеатр ва ба истиқболи 20 – умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ин ҷо барномаи бошукўҳи фарҳангӣ баргузор шуд, ки дар он устодони санъат ва ҷавонону наврасони соҳибистеъдоди кишвар ҳунари волои худро ба намоиш гузоштанд.