Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳазрат Умар Захилвол

26.03.2014 18:32, Афғонистон

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кобул Вазири молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳазрат Умар Захилволро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар ва ҷалби муштараки сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои минтақавии инфрасохторӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика баррасӣ шуд.

Татбиқи ҳарчи зудтар ва босамари лоиҳаҳо доир ба кашидани хатти барқии CASA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, лӯлаи газ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва дигар лоиҳаҳои минтақавӣ ба нафъи ҳарду кишвари дӯст арзёбӣ гардид.

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро, ҳамчунин барои ба мувофиқа расондани лоиҳаи созишномаи сеҷонибаи миёни Тоҷикистону Афғонистону Покистон доир ба тиҷорати транзитӣ таъкид доштанд.

Ҳамчунин доир ба ҳамгироӣ барои босамар ба роҳ мондани конфронси RECCA-6 дар Афғонистон табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520