Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай

26.03.2014 19:51, Афғонистон

Ҷалолатмаоби гиромӣ
Намояндагони мӯҳтарами расонаҳои ҳамагонӣ,
Дӯстони азиз,

Сафари расмии кунунии мо ба рӯзҳое рост омад, ки кишвару мардуми бародари Афғонистон мизбони Ҷашни байналмилалии Наврӯз мебошанд ва таҷлили ин ҷашни хуҷаста ва рӯҳангези муштаракро дар сатҳи баланд созмондиҳӣ намудаанд.

Мехоҳам Шумо Ҷалолатмаоб, дӯстон ва тамоми мардуми бародари Афғонистонро бо Наврӯзи ҷаҳонӣ сидқан табрик гӯям ва ба ҳамагон рӯзгори наврӯзӣ орзу намоям.

Наврӯз дар суннати бостонӣ ва арзишманди мо сароғози ҳама некиҳо ва хубиҳо, созандагӣ, ободӣ ва сарсабзӣ, ниятҳо ва ормонҳои бузург аст.

Ва ин рӯҳи Наврӯз дар силсилаи мулоқоту музокирот ва муколамаи дӯстонаи мо бо Ҷалолатмаоб ҳар лаҳза эҳсос мешуд.

Меҳвари онҳо – баррасӣ ва таъйини роҳҳо ва шеваҳои густариш ва рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстонаи мо ва тақвияти дӯстии таърихии мардумони бародари мо буд.

Мо аз рушди босуръати ҳамкории ду кишвар, қабл аз ҳама дар арсаҳои зербиноӣ, энергетика, иқтисод, тиҷорат, маориф, фарҳанг, ҳунар ибрози ризоият намуда, зарурати истифодаи имконоти амалан номаҳдуд ва шеваҳои навину муассирро таъкид намудем.

Бо ин ҳама, дар мулоқоту музокирот таваҷҷӯҳи хос ба татбиқи барномаҳои таърихӣ ва ниҳоят судовар, қабл аз ҳама хатти бузурги барқи КАСА-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон сурат гирифт.

Мо хоҳони талоши фаъол ва ҳадафманд дар татбиқи ин тарҳҳо мебошем, зеро онҳо на танҳо нақши транзитӣ ва стратегии кишварҳои моро, балки муносибатҳои дӯстонаи моро низ ба сатҳи сифатан нав боло хоҳанд бурд.

Мо ҷонибдори иқдомоти муассир дар таъмини Афғонистон бо барқ мебошем ва дар ин росто омодаем тамоми кӯмаку мусоидати имконпазирро анҷом диҳем.

Мо дар шароити хуруҷи қариб-ул-вуқӯъи неруҳои Эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон ба тақвияти бештари равобити сохторҳои амниятӣ, марзӣ ва низоми ҳамчунин сохторҳои адлӣ ва додгоҳии кишварҳоямон ба манзури посухи усулӣ ва муассир ба таҳдиду хатарҳои муштарак ва таъмини амнияту субот ва пешрафти ҳамагонӣ таъкид намудем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон субот, амният ва пешрафти Афғонистонро омили бунёдии суботу амнияти пойдор ва пешрафти минтақа арзёбӣ менамояд. Мо хоҳони ширкати васеътар ва фаъоли Афғонистон дар ҳамкории минтақавӣ ва созмони муассир ва бонуфуз – Созмони Ҳамкории Шанхай мебошем. Мо имсол раёсати ин Созмонро ба дӯш дорем ва дар тақвияти нақши он мусоидати фаъол хоҳем намуд.

Ба ақидаи мо ҳамкории ҳамаҷониба ва муассири Тоҷикистону Афғонистон, саъю талоши фаъол ва ҳамоҳанги ду кишвар имкони онро муяссар месозанд, ки ҳамкории минтақавӣ густариш ёбад ва суботу амният дар минтақа тақвият гардад.

Ҳарду ҷониб хоҳони густариши ҳамкории босамар ва дарозмуддати кишварҳои исломӣ мебошанд. Мо бар онем, ки кишварҳои дорои имконоти саршор ва ҳатто изофии молӣ метавонанд бо сармоягузорӣ дар барномаҳои бузурги зербиноӣ ва иқтисодӣ ҳам амали хайру исломӣ анҷом диҳанд ва ҳам суди бузург ба даст оранд.

Тоҷикистон ҷонибдори идома ва тавсеаи бештари кумаку мусоидатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кишвари бародари Афғонистон мебошад.

Мо тақвияти бештар ва такмили стратегияи мубориза бо терроризмро амри ҳаётӣ барои субот ва амнияти минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ менамоем.

Мо ҳамагон хуб огоҳ ҳастем, ки баъди чанд рӯз дар Афғонистон интихоботи Раисҷумҳури кишвар баргузор хоҳад шуд.

Бо изҳори орзуи муваффақият ба ин рӯйдоди муҳиму тақдирсоз мо таъкид карданӣ ҳастем, ки сарнавишти афғонҳоро бояд худи мардуми Афғонистон муайян намояд.

Орзумандем, ки ин раванд ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва тақвияти давлатдории бародарони мо мусоидати фаъол намояд.

Мехостам таъкид намоям, ки тамоми мулоқоту музокироти мо дар фазои эътимоди комил, самимият, ҳусни ният ва созандагӣ анҷом гирифтанд.

Мо роҷеъ ба ҳама мавзӯот ва масоил дидгоҳи ягона ва ё ниҳоят наздик доштем.

Мехоҳам бори дигар аз даъвати сафари расмӣ, мулоқоту музокироти басо судманд, пазироии ниҳоят дӯстонаи Ҷалолатмаоб Ҳомид Карзай ва тамоми мардуми бародари Афғонистон ибрози сипос намоям.

Ман ба дурнамои неки Афғонистони бародар итминони комил дорам ва орзумандам, ки тамоми фарзандони ин хиттаи бостонӣ барои пешрафту саодати он талоши созанда ва ҳадафманди ҳаррӯзӣ намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520