Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Наврӯзи ҷаҳонӣ ва мулоқотҳои сеҷонибаю чорҷониба

27.03.2014 07:53, Афғонистон

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кобул, пойтахти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар се чорабинии муҳими байналмилалию минтақавӣ иштирок ва суханронӣ мекунад.

Инҳо тантанаҳои марказии бахшида ба ҷашни 5уми Наврӯзи байналмилалӣ ва ҳамоишҳои сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ва чорҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон мебошанд.

Мавзӯъҳои асосии ҳамоишҳои сеҷониба ва чаҳорҷонибаи роҳбарони кишварҳои мазкур баррасӣ ва тасмимгириҳои муштарак доир ба таҳкими амну субот дар минтақа ва дарёфти роҳҳои татбиқи лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла доир ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард, кашидани хатҳои интиқоли барқ ва лӯлаҳои нафту газ ва дигар масоили мубрами рӯз мебошанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520