Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон

27.03.2014 17:29, Афғонистон

Рӯзи дуюми сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кобул дар се чорабинии муҳими байналмилалию минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Инҳо тантанаҳои марказии бахшида ба ҷашни 5-уми Наврӯзи байналмилалӣ ва ҳамоишҳои сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ва чорҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон мебошанд.

Нахуст мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон баргузор гардид. Дар он сарони ҳарсе давлат – Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Ҳасани Рӯҳонӣ ширкат намуданд.

Дар ҳамоиши сеҷониба масоили вобаста ба таҳкими амну субот дар минтақа, рушди ҳамгироии иқтисодию тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла доир ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард, кашидани хатҳои интиқоли барқ, лӯлаҳои нафту газ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ, аз ҷумла пешниҳод намуд, ки “ба манзури таъмини сатҳи нави равобит Шӯрои ҳамкории иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангии Тоҷикистон-Эрон-Афғонистон эҷод шавад ва таҳти васояти сарони се кишвари дӯст фаъолияти босамар ва густурда намояд”.

Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин даъват намуд, ки “ҳамоиши ояндаи сегона тобистони соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад ва ҳамзамон намоишгоҳҳои дастовардҳои илмиву фарҳангӣ ва нишастҳои донишмандону фарҳангиён ба роҳ монда шавад”.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520