Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар тантанаҳои Наврӯзи ҷаҳонӣ дар шаҳри Кобул

27.03.2014 17:32, Афғонистон

Тантанаҳои Наврӯзи ҷаҳонӣ дар шаҳри Кобул, ки яке аз гаҳвораҳои ин ҷашни бостонии хуҷаста ба шумор меравад, бо шукӯҳи хоса ҷараён гирифт.

Барои иштирок дар ин тантанаҳо ва Конфронси байналмилалии Наврӯз ба шаҳри Кобул сарони давлатҳою ҳукуматҳо ва намояндагони воломақом аз ҳашт кишвари ҳавзаи тамаддуни ин ҷашни мардумию табиӣ ташриф оварданд.

Зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии Наврӯз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт: “Муҳимтарин хусусияти Наврӯз ин аст, ки ин ҷашн ба ягон воқеаи сирф қавмӣ, миллӣ ё минтақавӣ бахшида нашудааст ва як падидаи фаромилливу фаромазҳабӣ буда, заминаҳои ҷаҳонишавиаш ҳанӯз то милод гузошта шуда буд”.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки “асли Наврӯз бо воқеаҳои бузурги кайҳониву ҳамосие решапайванд аст, ки ба сарнавишти Одаму Олам нисбат доранд”.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон “фарҳанги наврӯзӣ метавонад дар ҳалли мушкилоти муосири умумибашрӣ, аз ҷумла дар рафъи бӯҳрони сахти экологӣ ва маънавӣ раҳнамо бошад”.

Дар Наврӯзгоҳи Кобул, ки дар саҳни Арки раёсати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ороста шуда буд, аҳли фарҳанг ва ҳунармандони мардумӣ аз тамоми минтақаҳои ин кишвар ва ҳам аз кишварҳои дигари ҳавзаи тамаддунии Наврӯзи оламафрӯз ҳунарҳои зебои худро ба намоиш гузоштанд. Базми тарабу шодии наврӯзӣ дар наврӯзгоҳи Кобул басо зебою диданӣ буд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520