Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд бо парафшонсозии Парчами давлатии Тоҷикистон

02.04.2014 08:45, шаҳри Хуҷанд

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард. Дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти баланд истиқбол гирифтанд.

Боздиди корӣ аз шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд оғоз ёфт. Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин шаҳр нахуст Парчами давлатии Тоҷикистон бар пояи баландиаш 55 метр парафшон карда шуд. Ба фароз бардошта шудани Парчам таҳти садои Суруди миллии Тоҷикистон, ки аз ҷониби гурӯҳи наврасону ҷавони Хуҷандшаҳри бостонӣ зинда суруда шуд, сурат гирифт. Атрофи парчампоя ва роҳравҳо бо санги ороишии гранити сурх ва фаввораҳои зебо оро ёфтааст.

Тавре зикр гардид, бунёди ин парчампоя ва ободонии атрофи он бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ анҷом ёфтааст. Дарозӣ ва паҳнои худи парчам 7х14 метр аст.

Ин маросими бошукӯҳ бо ҳузури анбӯҳи зиёди мардуми Хуҷандшаҳр ва намояндагони аҳли зиё аз вилоят ва маркази ҷумҳурӣ ҷараён гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми вилояти Суғд ва хусусан сокинону меҳмони шаҳри Хуҷандро бо ифтитоҳи боз як нуқтаи фарҳангӣ ва тамошоҷойи рӯҳнавоз табрику таҳният гуфта, ба рӯзҳои Наврӯзи хуҷаста рост омадани ин рӯйдоди фараҳбахшро фоли нек номид.

Маросими парафшонсозии Парчами давлатии Тоҷикистон бо намоиши барномаи рангини фарҳангӣ идома ёфт.

Суханронии духтарчаи даҳсола Тайибахон Қодирӣ, ки хонандаи синфи сеи мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 20 деҳаи Понғози ноҳияи Ашт мебошад ва шеърҳои шоира Фарзона дар васфи Парчами давлатӣ дигар арзишҳои миллии Тоҷикистон ба аҳли нишаст басо писанд омад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520