Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон узви Шӯрои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шенкунро, ки барои иштирок дар мулоқоти навбатии котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи амният ва мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ баррасӣ шуд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ба сатҳи шарикии стратегӣ боло рафтани муносибатҳои Тоҷикистону Чин барои рушд ва густариши ҳамкории гуногунпаҳлӯ, аз ҷумла дар соҳаи амният ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ имконоти фарох ба миён овардааст.
Хотиррасон бояд намуд, ки моҳи майи соли 2013 аз ҷониби сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин - Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба истиқрори муносибатҳои шарикии стратегӣ ба имзо расида буд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон чун шарики стратегии Чин ва узви фаъоли Созмони ҳамкории Шанхай нақши муносиби худро дар таъмини муштараки сулҳу амният, чун омили асосии рушди босубот, мегузорад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар соли раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар рушди ҳамгироии гуногунҷанбаи кишварҳои аъзои созмон ва ҳам кишварҳои нозир натиҷаҳои назаррас ба даст меоянд.