Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Александр Зуев

18.04.2014 11:54, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин Ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистон Александр Зуевро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла доир ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари мо баррасӣ шуд.

Александр Зуев доир ба натиҷаҳои ҳамкорӣ дар соли 2013 ва нақшаҳо барои соли равон гузориш дода, аз ҷумла иттилоъ дод, ки бунёди озмоишгоҳи инноватсионии бемориҳои сироятӣ ва се шифохонаи бемории сил дар шаҳру ноҳияҳои гуногун, татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаи маориф ва идомаи безарарсозии мина ва дигар моддаҳои тарканда, ки дар гӯшаҳои алоҳидаи Тоҷикистон аз замони муноқишаҳои дохилӣ боқӣ мондаанд, аз натиҷаҳои асосии ҳамкории муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид бо Тоҷикистон аст.

Тавре зикр гардид, тавассути роҳандозии усулу василаҳои нави безаргардонии моддаҳои тарканда дар соли 2013 он қадар аз ин мавод безарар гардидааст, ки нисбат ба 8 соли пешин 40% зиёд аст.

Ба нақши Тоҷикистон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли мушкилоти глобалии вобаста ба об баҳои баланд дода шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки оянда низ ҳамгироии Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид пурсамар хоҳад буд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520