Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин Хе

19.04.2014 12:19

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин Хе барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

“Хонуми Олиҷоҳ,

Бо камоли андӯҳ хабари ғарқ шудани киштии мусофирбари “Севол” дар соҳили ҷанубу–ғарбии Ҷумҳурии Кореяро, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон гардидааст, дарёфт намудам. Марги толибилмони ҷавон дар ин фоҷеа моро дучанд ғамгин намуд.

Аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро ба халқи дӯсти Корея бо ин талафоти бузург баён намуда, ба наздикони фавтидагон тасаллиёти самимии хешро иброз медорам”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520